«Осор-ул-боқия» - асари безавол
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1 635
Олими риёзидон, файласуф, табиатшинос, табиб, мунаҷҷим, муарриху ҷомеашинос ва мутафаккири бузурги тоҷику форс Абӯрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ дар синни 27-солагӣ аввалин асари калонҳаҷми илмии худро бо унвони «Ал-осор-ул-боқия анил қурун-ул-ҳолия», ки баъдтар бо номи «Осор-ул-боқия» машҳур шуд, ба забони арабӣ, ки забони роиҷи давр буд, таълиф намудааст.
Сабаби навиштани ин асарро худи вай чунин гуфтааст: «Яке аз адибон аз таворихе, ки милал истеъмол мекунад ва ихтилоферо, ки дар усули пайдоиши он ҳаст ва қисмҳое, ки моҳҳо ва солиён аст ва сабабҳое, ки боиси ихтилоф шуда ва ҷашнҳои бузург ва рӯзҳои машҳур, ки ҳар якро баъзе умматҳо ба кор мебаранд, аз ман пурсид. Ва хоҳиш кард, ки ин масъалаҳоро бо баёни возеҳе, ки қобили фаҳм бошад, барои ӯ шарҳ диҳам, ки ӯро аз хондани китобҳои гуногун ва пурсиш аз як-яки аҳли ин навиштаҷот бениёз кунад». («Осор-ул-боқия», саҳ. 7).
Мазмун ва мундариҷаи ин асарро масъалаҳои баҳси олимон оид ба пайдоиши олам, ҳаёт, воқеаҳои бузурги таърихӣ, воқеаҳои одӣ ва ғайриоддии табиӣ, сабаб ва тарзҳои пайдоиши оину кешҳо ва ҷашнҳо, пайдоиши тақвими ҳиндуён, руму яҳудиён, тоҷику форс ва арабу қибтиён ташкил мекунанд.
Мутолиаи ин китоб нишон медиҳад, ки доираи дониши Абӯрайҳони Берунӣ бениҳоят васеъ буда, вай доир ба тамоми илмҳои замонаш маълумоти мукаммал ва тасаввуроти амиқ доштааст. Чуноне ки худ фармудааст: «Чун шахс ҳамвора дар як илм назар кунад, хаста мешавад, вале агар аз фанне ба фанни дигар ворид шавад, монанди ин хоҳад буд, ки дар боғҳои гуногун қадам гузошта, ки ҳанӯз аз яке берун наёмада, боғи дигаре бад-ӯ арза дорад. Аз ин рӯ, ин шахс майли тамом пайдо мекунад, ки дар ин боғистонҳо идомаи назар диҳад, чунон ки гуфтаанд: «Барои ҳар амри навине лаззате ҳаст». («Осор-ул-боқия», саҳ. 98).
«Осор-ул-боқия» дар баробари асари муътабари гоҳшуморӣ будан, яке аз асарҳои беҳтарин ва нодиртарини таърихӣ мебошад, ки дар он оид ба Сибииён, Ҳаррониён, Калдониён, Пешдодиён, Сосониён, инчунин дар бораи Искандари Зулқарнайн, Монӣ, Зардушт, Ибни Муқаннаъ ва дину мазҳабҳои гуногун маълумот дода шудааст. (ниг. «Осор-ул-боқия», саҳ. 57, 98 - 163) Гузашта аз ин, «Осор-ул-боқия» моҳияти ёддоштӣ ва тарҷумаиҳолӣ дошта, дар он муаллиф воқеаҳои аз сар гузаронидаи худ, вохӯриву суҳбатҳо бо олимону донишмандон ва ашхоси таърихиро дар мавридҳои муносиб қайд кардааст. Масалан, вай бо олим ва ҳакими бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино вохӯрдану дар масъалаи пайдоиши ҳарорат гуфтугӯ карданашро баён намудааст. (ниг. Осорул-боқия», саҳ. 286) .
Берунӣ дар ин асари худ оид ба масъалаҳои ақидавии халқу миллатҳои гуногун ва пайдоиши дину кешҳои қадим маълумотҳои ҷолибе овардааст. Аз ҷумла, дар бораи зуҳури Зардушт гуфтааст, ки ин ҳодиса дар соли сиюм аз подшоҳии Гуштосп буд ва Зардушт аз тухмаи Манучеҳр аст. Дар бораи пайдоиши китоби муқаддаси зардуштиён -«Авесто» гуфтааст, ки луғати ин китоб бо луғати ҳама китобҳои олам мухолиф аст. Оид ба аз байн рафтани нусхаи аслӣ ва пурраи «Авесто» Берунӣ чунин овардааст: «Авесто» - ро дар хизонаи Доро ибни Доро, подшоҳи Эрон, нусхае буд тиллокорӣ шуда, ки дар дувоздаҳ ҷилди гов навишта шуда буд. Ва чун Искандар оташкадаи форсро вайрон кард, ин нусхаро низ бисӯзонид... Ва аз он вақт «Авесто» маъдум шуд ва ба андозаи аз панҷ се қисми он ба куллӣ аз байн рафт...» («Осор-ул-боқия», саҳ. 222) Лозим ба ёдоварист, ки дар китобҳои дарсии солҳои пешин омадааст, ки «Авесто» дар дувоздаҳ ҳазор пӯсти гов навишта шуда буд. Ин сухан ба назар хеле муболиға менамояд ва гуфтаи Берунӣ, ки «дар дувоздаҳ ҷилди гов навишта шуда буд», ба ҳақиқат наздик аст. Дар таҷрибаҳои ҳаётӣ мебинем, ки ҳар амре ё ҳодисае назди заволи худ барои чанд лаҳзае шиддат ва қувват мегирад. Барои мисол, мошин ҳангоми тамом шудани сӯзишворӣ овозаш баланд мешавад. Ё ин ки сардии ҳаво дар рӯзҳои охири зимистон шиддат мегирад. Дар ин мавзӯъ Абӯрайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия» чунин овардааст: «Ва шахс на бояд тааҷҷуб кунад, ки чаро сармо дар муддати охир сахттар мешавад ва ҳар мавқее, ки мебоист бартараф шавад, ҳаяҷон пайдо мекунад, зеро ин иллат айнан дар гармо ҳам мавҷуд аст. Ва мо ин матлабро ба зудӣ баён хоҳем кард.
Ва дар табииёт назири он бисёр аст, чунон ки чароғ ҳангоме ки мехоҳад хомӯш шавад, барои ин ки рағани он тамом шуда, равшании он зиёдтар мешавад ва чандин дафъа, ки шабеҳи ҷаҳидани раг бошад, баланду пастшавии шуълаи он пай дар пай шиддат мегирад. Ва маризҳо низ аз ин қабиланд, бахусус онҳое, ки ба сил ва ба марази зиқ ва дилдард гирифторанд, дар наздикии марг неруи тоза меёбанд. Ва онон ки аз ин амр бехабаранд, тасаввур мекунанд, ки мариз хуб шуда, вале шахси ботаҷриба аз дидани ин амр аз ҳаёти онон ноумед мешавад.»(«Осор-ул-боқия», саҳ. 284) Омӯзиш ва тадқиқоти «Осор-ул-боқия» баъд аз оне ки бори аввал аз тарафи олим ва шарқшиноси немис Эдуард Захау байни солҳои 1876-1878 дар асоси чор дастхати пайдокарда ба табъ расид, шурӯъ шудааст.
Эдуард Захау баъдтар, соли 1879, бо кумаки ду муҳандис ин асари безаволро ба забони англисӣ тарҷума намуда, бо ҳамин доираи паҳншавии онро дар байни донишмандону мухлисони илм васеъ намуд. Соли 1923 ба муносибати дастрас гардидани дастхатҳои нав «Осор-ул-боқия» аз сари нав нашр шуд. Донишманд ва мутарҷими маъруфи Эрон Акбари Доносиришт соли 1943 «Осор-ул-боқия»- ро ба забони форсӣ тарҷума намуд, ки ин хидмати фавқулода бузурге мебошад. Баъдтар, соли 1973 дар асоси истифодаи ду нусхаи дастхати қадимае, ки дар Истамбул маҳфуз буд, тарҷумаи форсии «Осор-ул-боқия» аз тарафи Акбари Доносиришт бори дигар рӯйи чоп омад. Шақшиноси собиқ Шӯравӣ М. Сале соли 1957 дар асоси истифода бурдани нусхаҳои чопӣ ва дастхатҳои қадима матни пурраи ин асарро ба забони русӣ нашр намудааст. Соли 1968 бошад, онро мутарҷими номии Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Расулов ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст. Шуъбаи фалсафаи Академияи улуми ҶШС Тоҷикистон дар яке аз шӯроҳои илмии худ тасмим гирифт, ки ин асари моҳияти илмӣ- таърихӣ, адабӣ-ахлоқӣ, этнографӣ ва фалсафӣ доштаро ба забони тоҷикӣ нашр намояд. Аз ин рӯ, гурӯҳи таъйиншуда дар асоси нусхаҳои пештар чопшуда соли 1990 ин нусхаи безаволро дар ҳаҷми 432 саҳифа ва иборат аз 21 фасл ба чоп ҳозир кард.
Дар вақти тарҷумаи тоҷикии он ба хати кириллӣ барои ба фаҳми хонандагон наздик кардан калимаву ибораҳо ва баъзе ҷумлаҳо таҳрир ба талаботи имлои ҳамонвақтаи забони тоҷикӣ мувофиқ карда шудаанд. Бояд гуфт, ки гурӯҳи корӣ ва масъулини чопи нусхаи мазкур изҳор кардаанд, ки ба чоп ҳозир намудани чунин як асари илмӣ-фалсафӣ таҷрибаи аввал аст ва наметавонад бекамбудиву нуқсон бошад. Аз ин рӯ, ба унвони як хонандаи оддӣ ва дилбохтаи осори бебаҳои ниёгон гуфтанием, ки хуб мешуд, агар ба нусхаи чопии соли 1990 таҷдиди назар шавад. Зеро он дар замони сиёсати Шӯравӣ ба чоп расидаву аз баёни арзишҳои миллӣ, диниву фарҳангӣ то андозае шояд сарфи назар шудааст ва инчунин китоб бо имлои ҳамонвақтаи забони тоҷикӣ чоп шудааст, ки ба имлои имрӯза мувофиқат намекунад. Ба андешаи мо, ин пешниҳод дар арафаи 1050- солагии ҳакими бузург Абӯрайҳони Берунӣ, ки бо қарори ЮНЕСКО қабул гардидааст, бисёр ҳам бамаврид ва саривақтӣ аст. Умед дорем, ки он мавриди таваҷҷуҳи масъулин ва доираи васеи алоқамандони илму адаб қарор мегирад.
Маҳмудҷони Абдулаҳад,
ноҳияи Қубодиён
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00