Оқилона издивоҷ кун, то ошиқона зиндагӣ кунӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 май, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 1 055
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 эълон шудани Соли оила ва баррасию таҳлили масоили марбути хонаводагӣ дар ҷомеа вокуниши хушбинонаеро ба миён оварда, мавриди таваҷҷуҳ ва муҳокима қарор гирифта буд. Ин иқдом ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба таҳкими анъанаҳои миллии оиладорӣ, ҳифзу пойдории суннатҳои мардумию рисолати волидайн эҳтирому гиромидошти арзишҳои волои миллӣ зимни татбиқи сиёсати имрӯзаи Ҳукумату давлат марҳилаи нави таҳаввулотро дар фарҳангу маърифати ҷомеа боз намуд.
Бунёди оила қадам ба мактаби вижаи рӯзгордорӣ, риоя ва эҳтироми суннатҳои хонаводагии миллист. Аввалин рисолати оиладорӣ идомаи насл, авлод ва миллат аст. Хушбахтии ҳар хонадон аз тавлиди тифл ибтидо мегирад.
Ин ҳадяи бузурги Худованду тақдир аст, ки ду нафари ҳамқисмат соҳиби фарзанд мешаванду рисолати падарию модариро ба уҳда мегиранд. Ин рисолат дар масири зиндагӣ зинаҳои мухталифро убур мекунад ва баъди солҳо фарзандон ҳам ба он мерасанд, аммо то ба ин мақсуд расидан роҳ хеле пурпечутобу ноҳамвор аст. Волидон ҳарчанд аз овони хурдӣ фарзандонро дар мактаби хонаводагӣ бо риояи ҳама оину суннатҳои қабулшуда тарбия карда дар зеҳну тафаккурашон эътимоду эътиқодҳои маъмули бунёди оиларо ҷой медиҳанд, аммо гоҳе дар ин қолаби шикастнопазири оину маросими шаклгирифта иштибоҳ мекунанд ва чаро? Зеро на ҳар кас ба моҳияту мафҳуми оилаву оиладорӣ сарфаҳм мераваду муқаддасоти онро дарк месозад.
Оиладорӣ иборат аст аз иҷрои масъулият ва уҳдадориҳое, ки ду ҷинси муқобил дар баробари якдигар бар зимма мегиранд. Аз нуқтаи назари урфу мазҳабҳои шарқӣ, алалхусус дар ислом, оила ва ё оиладорӣ шакли қарордодӣ дорад, на паймонӣ. Ба ин маъно, ки шумо вақте вориди ақду никоҳи мусулмонӣ мешавед, дар дараҷаи аввал зери як қарордод бо уҳдадориҳое имзо мегузоред, ки ҳам ҷавобгариҳои дунявӣ дораду ҳам ухравӣ.
Мутобиқи аҳкоми издивоҷ, ҳар марди мусулмон вазифадору уҳдадор аст, ки ҳамсари худро бо хонаву хӯроку пӯшок таъмин намуда, аз лиҳози отифиву равонӣ такягоҳ бошад. Аз тарафи дигар, ҳар зани шавҳаркунанда низ вазифадор аст, ки шавҳари худро эҳтиром кунад, фарзанд ба дунё ораду амонатдори хонаву кошонаи шавҳар бошад.
Яке аз пурсишҳое, ки дар ин масъала хеле зиёд ба он рӯ ба рӯ мешавем, бунёди оила дар асоси ишқ аст. Бисёриҳо дар андешаи онанд, ки назари ислом ба ин масъала чӣ гуна аст? Оё метавон бо касе, ки дӯст надорӣ, зери як бом, ба як болин сар монда зиндагӣ ба сар барӣ? Аслан дини мубини ислом дар оиласозӣ бо ишқу муҳаббат мухолиф нест, аммо ошиқиро асоси издивоҷ қарор намедиҳад. Аз рӯи таълимоти дини мо, шартҳои издивоҷ иборат аз ба балоғат расидан ва оқилу мусалмон будан аст. Бузургони муосири мо дар ин росто фармудаи ҷолибе доранд, ки баландтарин посухи пурсишҳои болост: «оқилона издивоҷ кун, то ошиқона зиндагӣ кунӣ». Вақте ду ҷавон издивоҷ мекунанд ва баъдтар ошиқи якдигар мешаванд, ин муҳаббатро дигар поён нест.
Боз таҳлилу ташхисҳо ва назарсанҷии мутахассисон дар мавриди он ки чаро баъзе оилаҳо вайрон ё носолим мешаванд, омилҳои мухталифи иҷтимоӣ, руҳию равонӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва моддиро пайомади ин зуҳурот арзёбӣ кардаанд.
Ин омилҳо дар раванди ихтилофҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи муосир ногузир зуҳур кардаанд. Замони гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва муносибатҳои нави меҳнатӣ мавқеи шаклгирифтаи аксар хонаводаҳоро дар анҷом додани шуғл,пайдо намудани манобеи моддии зиндагӣ, таълиму тарбияи фарзандон ва ҳатто муносибатҳои оилавӣ тағйир дод. Агар қаблан шуғли доимӣ ва ё иртиботи оилаҳо бо муассисаҳои таълимӣ дар чаҳорчӯбаи шаклгирифта солҳо идома меёфт, имрӯз бошад, қолабшиканӣ ва робитаҳо дар доираи талаботи иқтисоди бозорӣ, ки тамоми самтҳои ҷомеаро фаро гирифтаанд, сурат мегирад.
Масалан, имрӯз падару модар пеш аз ҳама дар бораи пардохти маблағи фарзандон барои таҳсил дар мактабҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва харидани китобҳои дарсӣ фикр мекунанд, зеро ин як талаби асосии иқтисоди бозорӣ мебошад. Аз ҷониби дигар, кӯшиш мекунанд, то шуғле пайдо намоянд, ки бар ивазаш маоши хуб гирифта рӯзгорашонро таъмин карда тавонанд. Талош барои таъмини зиндагӣ ва қонеъ сохтани талаботи моддию маънавии худу фарзандон волидонро ба роҳҳои мухталиф мебарад. Ана ҳамин омили асосӣ вазъи иҷтимоии оилаҳо аст, ки аз ҳамин гуна хостаҳо ва ихтилофҳо ибтидо мегирад. Дар чунин ҳолат падару модарони маълумотнок ва донишманд бо ақли солим ва тадбирҷӯиҳо ин мушкилотро ҳаллу фасл намуда, муҳити созгори хонаводагиро таъмин менамоянд.
Зану шавҳари аҳлу иттифоқ метавонанд муҳити хонаводаро тавре таҳия намоянд, ки ҳама аҳли байт дар доираи талаботи арзишҳои миллӣ ва ҷомеаи муосир нақшаю ниятҳои худро ба қадри имкон амалӣ сохта тавонанд. Агар волидайн рисолати хешро нашиносанд ва тақдири фарзандонро боз ба гардани сарнавишту замона бор кунанд, ин пайомади нохубе хоҳад гашт.
Бояд хотиррасон намуд, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди фарҳангҳо омили дигари коҳиш ёфтани суннатҳои оиладорӣ дар ҷомеаи анъанавии мост. Тарғиби идеологияи ғайр, рафтору гуфтор, анъаноти олудаи фаҳшу зӯроварӣ, тарғиби либосҳои бегонаю зери по намудани либоси миллӣ то ҷое мардуми моро асири худ кардааст, ки маданияту фарҳанги моро метавонад коста гардонад. Бостоншиносону таърихнигорон борҳо собит сохтаанд, ки пӯшидани ҳиҷоб дар суннатҳои қадимаи миллии мо вуҷуд надошт. Дар оинаи таърих бонувони машҳур ба мисоли малика Томирис, малика Бухорхудот, Робиаи Балхӣ, Зебуннисо, Дилшоди Барно ва дигарон, ки рамзи озодӣ, далерӣ, шуҷоат ва маърифати баланди зани тоҷик буданд.
Ҳоло ки ҷаҳони мутамаддин ба сӯйи пешрафтҳои азими илмӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, технологӣ ва кашфиётҳои кайҳонӣ талош доранд, занону духтарони тоҷик ба сатру ҳиҷоб баргаштан доранд. Занону духтарони тоҷик имрӯз бояд ҳамқадами ҷаҳони муосир бошанд ва дар баробари ин анъанаҳои ҳазорсолаи адодиашонро фаромӯш насозанд. Дар охир боз мехоҳам таъкид намоям ба рисолати зан, ки дар оила мақоми вижа дорад ва ҳама баду неки ҳаёт, хислату рафтори ҳамидаи инсонӣ, сабурию отифӣ ва росткорию порсоиро дар замири фарзандон тарбият медиҳад.
Аз ҳама муҳим, посдори хонаводаю муҳаббату садоқату меҳру вафо Зан буд, ҳаст ва бояд чунин бимонад.
Ҳуронбӣ Мирсайзода,
мудири бахши САҲШ-и шаҳри Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...