Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Хат ғалат, имло ғалат, иншо ғалат


Хат ғалат, имло ғалат, иншо ғалат



Шиору овезаҳо дар хиёбону кӯчаҳо дар сари ҳар як қадам – нуқтаҳои фурӯш, лавҳи рекламаҳо, ширкатҳои мобилӣ ва ҳама намуди марказҳои хизматрасонӣ дида мешавад. Вале имрӯз вазъи тозагии шиору овезаҳо ва риояи қоидаҳои имлои забон дар онҳо аз ҷониби забоншиносон ғайриқаноатбахш арзёбӣ мешавад. Масъулин бошанд, айбро ба дигарон нисбат медиҳанд. Чашмандозе дорем ба вазъи нигаронкунандаи шиору овезаҳо дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон.

Риояи имло дар матни шиору овезаҳо

Ҷой доштани хатоиҳои имлоӣ – афтидани ҳарф, ҷойивазшавии овозҳо, нагузоштани аломати китобат ва дигар ғалатҳо дар шиору овезаҳо боиси таассуфу нороҳатист.

Масалан, дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён санги асос бо навиштаҷоти “Парчам ва Нишони Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 20 марти соли 2020 бунёд гардид.” гузошта шудааст, ки дар он 6 ғалати имлоӣ роҳ ёфтааст. Матни саҳеҳи навиштаҷот бояд чунин бошад: “Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 20 марти соли 2020 бунёд гардид”.

Ҳамчунин, дар лавҳи муаррифии Ҷамоати деҳоти “Сарвати Истиқлол” номи ҷамоат ба ду шакл навишта шудааст, ки бешак, яке аз онҳо хато мебошад. Дар даромадгоҳи идораи ҷамоат номи он бе гузоштани аломати нохунак дарҷ гардида, дар дохили бино бо гузоштани аломати китобатии нохунак навишта шудааст, ки шаҳрвандон намедонанд кадом шакли навишти он дуруст аст.

Инчунин, дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Бохтар низ ин ҳолат ба чашм мерасад. Дар назди бозори “Фаровон” дукони ғизои зудтайёр мавҷуд аст, ки дар наз-даш овеза бо навиштаҷоти “Як қатра самбуса” гузошта шудааст, ки ин то ба андозае хандаовар, ҳамзамон таассуфангез мебошад. Ҳамин навиштаҷот ба забони русӣ “Один капля самбуса” омадааст... Яъне ин нигошта ба ҳар ду забон ҳам хилофи мантиқ менамояд.

Чунин ғалатҳ о ба рушди забони давлатӣ чӣ таъсир мерасонанд?

Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ барои такомули забон, ҳифзи асолату покизагии он қабул гардидааст. Асомуддин Асоев, мутахассиси шуъбаи таълими филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос дар вилояти Хатлон, зимни суҳбат бо мо гуфт: “Навиштаҷоти нодурусти шиору овезаҳо дар хиёбонҳо инсонро роҳгум медиҳад. Хонанда дар мактаб имлоро меомӯзад ва дар кӯча бошад, дигар чизро мебинад. Дар ин ҳолат кӯдак намедонад, ки кадом шакли навишт дурусттар аст”.

Албатта, чунин ғалатҳо дар баробари хонандагон, инчунин, метавонад ба дониши грамматикии калонсолон низ таъсир расонад. Аз қабули қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ қариб як сол сипарӣ шуд. Дар сурати дидани овезаҳои дорои навиштаҷоти нодуруст, баъзе ашхоси калонсол низ шояд фикр кунанд, ки имлои нави қабулшуда чунин шакли навиштро қабул кардааст.

Дар даромадгоҳи ошхонаю тарабхонаҳо ва мағозаву нуқтаҳои фурӯш навиштаҷоти “Мо кушода шудем!” овехта шудааст, ки ин низ аз нигоҳи забоншиносон носаҳеҳ мебошад. “Ин навиштаҷот аз ибораи таҳтуллафзии русии «Мы открылись» тарҷума шуда, мафҳуми мантиқӣ надорад. Чуноне ибораҳои фразеологие, ки дар забони тоҷикӣ ҳаст, ба мисли “Роҳи сафед”, “Гули сари сабад” ва монанди инҳо, ки дар тарҷумаи забони русӣ маъноҳои хандаовар доранд. Ибораи “Мо кушода шудем!” низ мазмунан фаҳшиёт аст. Ба ҷойи ин ибора метавон “Мо ба фаъолият оғоз намудем”-ро истифода кард”, - қайд намуд забоншинос Асомуддин Асоев.

Назорати ши ору овезаҳоро кӣ бар дӯш дорад?

Лоиқ Собиров, номзади илмҳои филологӣ, оид ба мавзӯъ чунин қайд дошт: “Аслан, барои тозаву беолоиш нигоҳ доштани забони миллӣ ҳар як шаҳрванд вазифадор мебошад. Аммо гуфтан ба маврид аст, ки дар чопхонаҳо шахсони тасодуфӣ кор мекунанд. Онҳо худ қавоиди имлоро намедонанд ва дар амал низ онро истифода бурда наметавонанд ё шояд муҳим намешуморанд. Ҳамчунин, дар ин миён, комиссияҳои забон, ки дар ҳар шаҳру навоҳӣ амал мекунанд, бояд пайваста ба дурустии матни шиору овезаҳо назорат баранд”.

Дар банди 6-и моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” гуфта шудааст: “Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад”. Ҳамчунин, дар боби 26 (Ҷавобгарӣ барои  вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур)-и қонун омадааст: “Шахсони мансабдор, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”. Оё то имрӯз барои риоя накардани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ касе ба ҷавобгарӣ кашида шудааст?

Асомиддин Асоев, мутахассиси соҳаи забоншиносӣ, қайд медорад, ки масъули ислоҳи ғалатҳои имлоиву услубии шиору овезаҳо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ мебошанд, хусусан мутахассисони шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, новобаста ба он, ки ташкилоту муссисаҳо ба онҳо тобеанд ва ё не, бояд пайваста назорат баранд ва пеши роҳи ин “вирус”-ро гиранд.

Ҷумъахон Меҳмондӯстзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар, низ сабаби асосии зиёд будани хатоии имлоиро дар кӯчаву хиёбонҳо ба фаъолияти кормандони техникӣ ва марказҳои хизматрасонии чопи хурдҳаҷму калонҳаҷм рабт медиҳад: “Ширкатҳои мобилӣ, фурӯшгоҳҳо, дуконҳои бозор ва дигар марказҳои хизматрасонӣ бе мувофиқаи мо шиору овезаҳоро чоп мекунанд ва дар ин миён, бояд кормандони техникӣ онҳоро риоя кунанд”.

Масъулин чӣ мегӯянд?
Бибигул Иззатуллозода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён, моҳи феврал зимни суҳбат ба мо иброз дошт, ки ба хотири иваз намудани шиору овезаҳо доир ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” шиору овезаҳои нав фармоиш дода шудааст ва дар наздиктарин фурсат онҳо иваз карда мешаванд. Имрӯз аз байн ду моҳ гузаштааст, вале то ҳол ягон ҳолати ислоҳи шиору овезаҳои мазкур ба чашм намерасад. 

Ҷумъахон Меҳмондӯстзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Бохтар, иброз дошт: “Ба хотири ислоҳи ғалатҳои имлоии шиору овезаҳо мо дар шаҳр гурӯҳи корӣ ташкил кардем. Ба як қатор ташкилоту марказҳои хизматрасонӣ огоҳӣ дода, ба прокуратура пешниҳод намудем. Имрӯз чӣ хатои имлоие, ки дар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр ба чашм мерасад, кӯшиш мекунем, ки сари вақт бо роҳбарияти он мувофиқа карда, бартараф созем”.

Вақте ки мо аз эшон дархост кардем, ки нусхаи ҳуҷҷатҳоеро, ки ба прокуратура пешниҳод намудаанд, ба мо нишон диҳанд, мактуберо нишон доданд, ки дар он танҳо маълумоти умумӣ оварда шудаасту халос.

Моҳи феврали соли равон дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо супориши муовини раиси вилоят Ф. Шарифӣ комиссияи вилоятӣ вазъи шиору овезаҳо, навиштаҷот ва парчаму парчампояҳо, маркази шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои шаҳриву ноҳиявиро санҷиш кард. Дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки ҳолати мазкур дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ мавҷуд буда, дар як қисм шиору овезаҳо номи кӯчаву хиёбон, шаҳраку ҷамоатҳои деҳот ва ҳатто номи ноҳия хато навишта шудааст. Дар ин миён, ба масъулин супоришҳои қатъӣ дода шуд, ки дар наздиктарин фурсат хатоҳои мавҷударо бартараф намоянд.

Оид ба ислоҳи вазъи мазкур чӣ тадбирҳо андеши дан мумкин аст?

Асомиддин Асоев, забоншинос, тавсия медиҳад, ки дар вилоят шуъбаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намоянд. Ин шуъба метавонад риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ва қоидаҳои имлои забони тоҷикиро дар сатҳи маҳал назорат карда, дар ислоҳи хатоҳои матни шиору овезаҳои кӯчаву хиёбонҳо мусоидат намояд.

Барои ислоҳи хатоҳо дар шиору овезаҳо ва навиштаҷоти кӯчаву хиёбонҳо ҳар шахсро лозим аст, ки забони давлатиро пос дорад, қоидаҳои имлоро дуруст омӯзад ва ба он хунукназарона рафтор накунад. Ҳамчунин, барои кормандони техникии чопхонаю матбааҳои хусусӣ, ки аз қоидаҳои имло бархӯрдор нестанд, курсҳои омӯзишӣ ташкил кардан ба манфиати кор аст. Шумо чӣ андеша доред, хонандаи азиз?

Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода