Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Нӯшобаи ширинро камтар нӯшед


Нӯшобаи ширинро камтар нӯшед


Тадқиқотҳо собит сохтаанд, ки обҳои рангкардашуда ба тану ҷони одамизод ҳеҷ суду фоида надоранд, ҳатто ташнагиро намешикананд. Дар ин маврид фақат як нуқтаро ёдовар шудан кофист.

Обҳои рангдода дар таркибашон ширинии фаровон доранд. Ширинӣ бошад, сарчашмаи бисёр бемориҳост. Тақрибан 70 дарсади ҷисми одамизодро об ташкил медиҳад. Тамоми фаъолияти организми инсон - нафаскашӣ, гардиши хун, ҳазми ғизо, табодули моддаҳо, нигоҳ доштани тавозуни гармӣ, ихроҷи моддаҳои нодаркор ва ғайра маҳз тавассути об сурат мегирад. Камоб шудани ҷисм боиси номуътадил гаштани фаъолияти он мешавад. Табибоне, ки хосиятҳои шифобахшии обро тадқиқу таҳқиқ кардаанд, ба хулоса омадаанд, ки аслу бунёди бисёр бемориҳои музмин маҳз дар камобии бадан аст.

Аслан инсони солим дар давоми рӯз бояд аз ду то се литр обу чой бинӯшад. Солхӯрдагон ба хотири ташвиши зиёд накашидан бисёр кам об менӯшанд, ки ин ба саломатӣ сахт зарар дорад. Кам нӯшидани об тадриҷан холестеринро зиёд карда, хунро ғафс менамояд ва дар натиҷа кори дил мушкил мегардад.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода