Замбӯруғҳои хӯрданбоб ва заҳрнок
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 1 082
Дар байни замбурӯғҳои телпакчадор замбӯруғҳои хӯрданбоб ва заҳрнокро вохӯрдан мумкин аст. Аз замбӯруғҳои хӯрданбоб аз ҳама муҳимашон саморуғ, қорчи сафед, руғанак, тусқорч ва шонақорч мебошанд. Хусусан, қорчи сафеди хушконидашуда арзиши баланд дорад.
Барои он қорчи сафед меноманд, ки он ҳангоми ҷӯшонидан, хушк кардан, дар намак нигоҳ доштан, ранги гӯшти он тағйир намеёбад. Зардқорч, шонақорч, ушнақорч ҳам дорои лаззати баланд мебошанд ва онҳоро дар намакоб нигоҳ медоранд. Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввалҳои моҳи апрел то миёнаи моҳи май якумин шуда замбӯруғи дили барра ва уччақорч, баъдтар саморӯғ мерӯянд. Қорчи сафед дар доманакӯҳҳо дар моҳи апрел, дар баландкӯҳҳо бошад, охирҳои июн нашъунамо мекунад.
Замбӯруғҳои хӯрданбоб аз моддаҳои ғизоии барои организми инсон зарурӣ, аз қабили сафедаҳо, витаминҳо, намакҳои маъданӣ ва ғайраҳо бой мебошанд. Дар вақти ҷамъоварии замбӯруғ онҳоро тавре буридан лозим аст, то ки решаи онҳо зарар набинад. Ҳангоми замбӯруғчинӣ замбӯруғҳои хӯрданбобро аз замбӯруғҳои заҳрнок фарқ карда тавонистан лозим аст. Зеро замбӯруғҳои заҳрнок одамро заҳролуд мекунанд.
Ба замбӯруғҳои заҳрнок қорчи пашшахӯрак, телпакчаи қозӣ, гулқорчи девак, заҳрак, телпаки морак ва ғайра шомиланд. Инчунин, ҳангоми замбӯруғчинӣ аломатҳои хоси замбӯруғҳои заҳрнокро донистан ба манфиати кор аст.
Масалан, телпакчаи қозӣ ба саморӯғ каме монандӣ дорад, вале таги телпакчаи телпаки қозӣ, заҳрқорч, қорчи пашшахӯрак, телпаки морак хокистарранг бошад, аз саморӯғ гулобӣ ва бо пардача пӯшида шудааст. Фақат дар саморӯғи пиршуда қисми поёнии телпакчааш ба худ ранги сиёҳро мегирад. Истеъмоли замбӯруғҳои пиршуда, ба монанди замбӯруғҳои заҳрнок хеле хавфнок аст.
Қорчи пашшахӯрак телпакчааш сурхи равшан буда, холҳои сафед дорад ва шинохтан осон аст. Замбӯруғи заҳрнок бошад, ба сафедқорч монанд аст. Фарқи заҳрак аз сафедқорч он аст, ки дар нӯги кундапояи вай нақшу нигори тӯршакли сиёҳ ё хокистарии сиёҳтоб дида мешавад, мағзаш бошад, дар вақти пора кардан сурхтоб мешавад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...