Ҳашт хӯроке, ки дубора гарм карданаш маслиҳат дода намешавад…
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 784
Хӯрок ҳар қадар болаззат бошад ҳам, пас аз дубора гармсозӣ ва ё зиёд нигоҳдорӣ метавонад мазаи худро гум карда, ба заҳролудшавии инсон оварда расонад.
- Карафс (селдерей) маҳсулоти хуб барои шӯрбо ба ҳисоб меравад, аммо то маротибаи дуюм гарм шудани зарфи хӯрок дар тафдон. Дар карафс, асосан нитратҳои нисбатан безарар мавҷуд аст, аммо пас аз маротибаи дуюм гарм шуданаш метавонад, ба натрити таксинӣ ва нитрозамини консероген табдил ёбад. Кӯшиш кунед аз карафс шӯрбои хуб омода созед, он ҳатто дар сардияш низ болаззат аст.
- Албатта, мо тухми бирён ва омлетро ҳеҷ гоҳ аз нав гарм намекунем, аммо ба ҳар сурат хотиррасон мекунем, ки ҳангоми гарм кардани тухм, он низ метавонад ба мисли заҳр шавад. Беҳтараш онро ба ягон хӯриш ва ё сендвич омехта кунед, чунки дар он сурат гарм кардан лозим намешавад.
- Испаноқ (шпинат)-ро ҳамон нафароне дӯст медоранд, ки пайрави ғизои солиманд. Он дорои витамину менералҳои хеле зиёд аст. Аммо ба монанди карафс он низ ҳангоми дубора гармсозӣ ба нитрат ва нитрозамин табдил меёбад.
Испаноқро бештар ба хӯришҳои гуногун илова намоед ва шумо фоидаи калонро ба даст меоред. Яъне ин фоидаи безарар аст.
- Бо замбӯруғ бе ин ҳам осон нест, сарфи назар аз сатҳи баланди сафеда, витаминҳо ва кислотаву аминокислотаҳо, аксаран бадани мо онҳоро суст ҳазм ме кунад ва агар шумо боз замбӯруғи шабмондаро гарм кунед, мушкилӣ зиёдтар гардида, он ба дарди меъдаву варами шикам оварда мерасонад. Агар шумо нахоҳед боқимондаи замбӯруғро ба сатили партов партоед, онро дар яхдон нигоҳ дошта, фардо истеъмол кунед. Беҳтараш онро барои соуси спагетти ва омода кардани хӯришҳо истифода баред.
- Картошка – ҳайратовар, аммо он ҳам дар рӯйхати сиёҳ аст. Картошкаи гармкардашуда ҳам мазза ва ҳам фоиданокии худро гум мекунад ва ҳатто сабабгори ботулизм шуда метавонад. Картошкаро метавонед дар фалга печонида, дар ҳарорати хона нигоҳ доред. Пюре ва картошкаи бирёнро беҳтараш зудтар тановул кунед, агар боқӣ монд, барои хӯриш истифода баред.
- Вақти гарм кардани мурғ сохтори сафеда вайрон мешавад, ки дар гӯшти мурғ хеле зиёд аст. Он метавонад ба мушкилоти ҳозима оварда расонад. Барои ҳамин аз гӯшти мурғи боқимонда ҳамроҳ бо котлет метавонед сендвич омода намоед.
- Лаблабуи сурх хусусиятҳои судманди худро ҳатто аз ба борш омехта кардан нигоҳ медорад. Аммо беҳтараш онро дар алоҳидагӣ гарм накунед, зеро он низ аз нитрат бой аст. Лаблабуи тоза муфидтар аст, онро барои омода кардани хӯриш истифода бурда метавонед.
- Биринҷ дорои витаминҳо, микроэлементҳо, аминокислотаҳо ва ҳамчунин бактерияҳое мебошад, ки ҳатто пас аз пухтан боқӣ мемонад. Агар пас аз омодасозӣ онро дар ҳарорати хона нигоҳ доред, пас бактерияҳо зиёд гардида ба заҳролудшавӣ оварда мерасонад. Дубора гармсозӣ ба шумо кумак расонида наметавонад. Барои ҳамин биринҷро пас аз пухтан зуд тановул намоед ва ё дар яхдон гузошта, то фардо метавонед истеъмол кунед.
Таҳияи ГЕСУ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...