Таъмини волоияти қонун
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 864
Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мустақилияти мақомоти прокуратураи Тоҷикистонро таъмин намуда, имкон дод, ки вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти он бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар муайян карда шавад.
Дар ин радиф 14 марти соли 1992 се санади ҳуқуқии муҳим дар ҳаёт ва фаъолияти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд, ки онҳо дар таъмини мустақилияти он ҳамчун мақомоти комилан ва пурра тобеъ ва ҳисоботдиҳанда танҳо ба мақомоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисон нақш ва мавқеи ҳалкунанда бозиданд.
14 марти соли 1992 бо ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мансаби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, бо розигии Президенти мамлакат аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудан ва дар назди он масъулу ҳисоботдиҳанда будани он муқаррар карда шуд.
Ҳамон рӯз бо қарори Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳти №604) Нурулло Ҳувайдуллоев аввалин Прокурори (Додситони) генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Дар ҳамин сана бо Қарори Шурои Олии мамлакат лоиҳаи Қонун «Дар бораи Додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он вазифаҳо, принсипҳои ташкил ва фаъолият, низом, сохтор ва дигар самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратураи давлати соҳибихтиёр ва соҳибистиқлоли Тоҷикистонро муайян намуд ва ба танзим даровард.
Бо назардошти аҳамияти ин рӯйдодҳои таърихӣ дар ҳаёти прокуратураи мамлакат 14 март ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура қайд карда мешавад, ки имсол мо 30-солагии таъсиси мақомоти прокуратураи давлати соҳибистиқлоли тоҷикро ҷашн гирифтем.
Прокуратураҳои вилоятҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа - имрӯза ҳудуди вилояти Хатлон имтиҳони вазнин ва ҷиддии худро дар солҳои 1992-1993 гузаронид, ки он вақтҳо минтақаи Қӯрғонтеппаи вилоят маркази даргириҳои дохилӣ қарор дошт.
Дар он давра бо сабабҳои вазъи мураккаби сиёсӣ ва ҳарбӣ прокуратураи вилояти Қӯрғонтеппа ва қисме аз прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят аз фаъолият бозмонда буданд.
Новобаста аз мураккаб гардидани вазъи сиёсии мамлакат, дар он давраи ҳассос роҳбарияти мақомоти прокуратура тавонист, ки дар муддати кӯтоҳ кадрҳои лаёқатманди соҳаро дар мақомот гирд оварда, ба кору фаъолият оғоз кунанд. Ба нарасидани кадрҳо, воситаҳои моддӣ-техникӣ нигоҳ накарда, кормандони прокуратура шабу рӯз фаъолият намуда, то андозае низом, тартибот ва қонуниятро дар ҷомеа таъмин намуданд.
Хушбахтона, дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот дар ҷумҳурӣ пойдор гардид, ки дар ин раванд дар қатори дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саҳми кормандони прокуратура низ калон мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти прокуратура 13 марти соли 2018 чунин қайд намуданд: «Ҳанӯз аз оғози даврони истиқлолият кормандони прокуратура бо хизмати содиқонаи худ намунаи олии хизмат ба Ватанро нишон дода, дар шароити муқовимати шадиди мусаллаҳона дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифаи муқаддаси хешро дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ сарбаландона иҷро намуда, дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки волоияти қонун асоси онро ташкил медиҳад, саҳми арзанда гузоштанд».
Тайи солҳои охир бо мақсади тақвияти нақши мақомоти прокуратура дар мубориза бо хавфи афзояндаи терроризм ва ифротгароӣ дар Дастгоҳи марказӣ – Раёсати муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ, шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ ва дигар раёсату шуъбаҳо таъсис дода шуда, дар ин раванд дар прокуратураи вилояти Хатлон низ вобаста ба амалбарории ин самтҳои назорати прокурорӣ шуъба ва бахшҳои дахлдор ташкил карда шуданд.
Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат давоми соли сипаришуда бинои дастгоҳи прокуратураи вилоят, шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Муъминобод, Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ бо тарҳи наву замонавӣ сохта ба истифода дода шуда, қариб дар ҳамаи прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят таъмири хушсифати ҷорӣ ва капиталӣ гузаронида шуданд.
Рӯзи 20-уми марти соли ҷорӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои нави 4-қабатаи прокуратураи ноҳия, ки иборат аз 10 утоқи корӣ, таҳхона ва 4 хонаи истиқоматӣ мебошад, ба истифода дода шуд.
Давоми ду соли охир фаъолияти пурсамари прокуратураи вилояти Хатлон бевосита аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ ва борҳо қадрдонӣ карда шудааст.
Рӯзи 24 феврали соли ҷорӣ мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон доир гардид. Зимни он Пешвои муаззами миллат вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, саноат, илму маориф ва ҷинояту ҷинояткориро мавриди таҳлили пурраю ҳаматарафа ва амиқ қарор дода, баҳри ислоҳи камбудиҳо дастурҳои мушаххас доданд. Супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иҷрои бемайлони онро вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ меҳисобем. Прокуратураи вилоят вобаста ба таъмини иҷрои супоришҳои зикршуда нақшаи махсуси чорабиниҳо таҳия намудааст, ки мавриди иҷро қарор дорад.
Имрӯз мақомоти прокуратура такягоҳи қавии давлатдории Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Боварӣ дорам, ки прокуророн ҳамеша дар ҳимояи давлат ва таъмини қонуният содиқ буда, бо истифода аз таҷрибаи бою ғании андӯхтаи худ аз уҳдаи тамоми вазифаҳои пурмасъули дар наздашон гузошташуда сарбаландона мебароянд.
А. Раҳимзода ,
прокурори вилояти Хатлон,
мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3