Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ ПУРРА АЗНАВСОЗӢ МЕГАРДАД


КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ ПУРРА АЗНАВСОЗӢ МЕГАРДАД




Имрӯз, 13 май, лоиҳаи азнавсозии Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб ба раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид муаррифӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки китобхонаи мазкур дар доираи татбиқи ташаббуси солҳои 2026–2030 - “Солҳои фарҳанги китобхонӣ” дар вилоят бо дастгирӣ ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Ҷуръат” бо маблағи умумии беш аз 4 миллион сомонӣ пурра таъмиру азнавсозӣ карда мешавад.

Зимни муаррифии лоиҳа пешниҳодҳои муҳим ҷиҳати муосирсозии фаъолияти китобхона ироа гардиданд. Аз ҷумла, таъсиси марказҳои омӯзишии китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Маркази омӯзиши Паёмҳои Пешвои миллат, ба роҳ мондани китобхонаи электронӣ бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ, инчунин ҷалби мутахассисони соҳа ба омӯзиш ва таҷрибаомӯзӣ дар хориҷи кишвар аз ҷумлаи ташаббусҳои пешниҳодшуда буданд.
Таъкид гардид, ки китобхона ҳамчун маркази маърифатӣ метавонад дар тарбияи ҷомеа, бахусус кӯдакону наврасон дар рӯҳияи китобдӯстӣ ва донишандӯзӣ нақши муассир гузорад. Дар ин замина, тарбияи насли ҷавон дар асоси арзишҳои фарҳангӣ, бедор намудани шавқи мутолиа ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа аз вазифаҳои асосии чунин муассисаҳо арзёбӣ гардид.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки намои берунии бинои китобхона аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб азнавсозӣ шуда истодааст ва то моҳи сентябри соли ҷорӣ корҳо пурра ба анҷом мерасанд.

Зикр гардид, ки ҳадаф аз амалисозии чунин корҳои ободониву созандагӣ эҳёи суннатҳои деринаи китобдӯстии халқи тоҷик, ҷалби бештари кӯдакону ҷавонон ба мутолиа, ташаккули малакаҳои хониш, баланд бардоштани фарҳанги иттилоотӣ, арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои ниёгон ва тарбияи ҳисси ватандӯстӣ дар байни насли нав мебошад.



Инчунин пешбинӣ шудааст, ки бо истифода аз имкониятҳои китобхона аҳолӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, бештар ҷалб гардида, маҳфилҳои адабӣ, намоишгоҳҳои китоб ва дигар барномаҳои муосири фарҳангиву маърифатӣ роҳандозӣ карда шаванд.

Ин иқдом ҳамчун қадами муҳим дар самти рушди фарҳанги китобхонӣ ва таҳкими фазои маънавии ҷомеа дар вилояти Хатлон арзёбӣ мешавад.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода