РАВАНДИ БАРҚАРОРСОЗИИ КАНАЛИ ОБРАСОНИ ЁВОН–ХУРОСОН ЗЕРИ НАЗОРАТИ РОҲБАРИЯТИ ВИЛОЯТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 12 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар канали обрасони Ёвон–Хуросон боздид намуданд.
Канали мазкур бар асари омадани сел дар ду мавзеъ рахна шуда, ба низоми обрасонии заминҳои кишоварзӣ таъсир расонида буд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки ин канал дар таъмини оби полезии як қисми заминҳои ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ, инчунин пурра заминҳои кишоварзии ноҳияи Хуросон нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, барқарорсозии ҳарчи зудтари он барои фаъолияти соҳаи кишоварзӣ аҳамияти калон дорад.
Аз рӯи иттилои масъулин, аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи системаи обёрӣ ба тағйирёбии иқлим ва тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо дар ҳавзаи дарёи дарёи Вахш корҳои барқарорсозӣ дар қитъаҳои осебдидаи канали обрасон идома доранд.
Тавре зикр гардид, то имрӯз дар мавзеи якуми осебдида наздики 90 фоизи корҳои барқарорсозӣ ба анҷом расида, дар мавзеи дуюм бошад, ин нишондиҳанда ба 50 фоиз баробар шудааст.
Айни замон барои суръат бахшидан ба корҳои таъмиру барқарорсозӣ 19 адад техникаи махсус ба таври шабонарӯзӣ фаъолият дошта, даҳҳо мутахассисону коргарон ба кор ҷалб шудаанд.
Гуфта шуд, ки дарозии умумии канали обрасони Ёвон–Хуросон 93 километрро ташкил медиҳад ва он яке аз иншооти муҳими обрасонии минтақа ба ҳисоб меравад.
Раиси вилояти Хатлон ба масъулин дастур доданд, ки корҳои барқарорсозӣ бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраргардида анҷом дода шуда, то 20 май пурра мавриди истифода қарор дода шавад.
Таъкид гардид, ки бояд тамоми имкониятҳо барои ҳарчи зудтар барқарор намудани фаъолияти муназзами канал сафарбар карда шаванд.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...