Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Момои Ғамзабӣ 110-сола шуд


Момои Ғамзабӣ 110-сола шуд



Ғамзабӣ Назарова 20 январи соли 1912 дар деҳаи Сайдони Ҷамоати деҳоти “Хост”-и ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. Ӯ дар хурдсолӣ аз падару модар маҳрум шуда, дар тарбияи аммаю холаҳояш монд. Ба гуфти ин момаи табаррук, сирри дарозумриаш маҳз дар меҳнатдӯстӣ мебошад.

Момои Ғамзабӣ Назарова дар ҳалқаи фарзандону пайвандон ҳаёт ба сар мебарад. Ӯ ҳанӯз неруманд аст. Пойи равон, дасти гиро, забони гӯё дораду хотирааш мустаҳкам аст. То ҳол худ таом омода месозад. Бо пойи худ ба хонаи фарзандон меравад. - Ҳар гоҳе, ки модарамро гум мекунем, баъди пурсуҷӯ мефаҳмем, ки ба хонаи додарам, ки дар охири кӯча аст, рафтааст, - мегӯяд фарзанди момо Сафарбек Назаров. - Вақте фарзандонам ба аёдат меоянд, интизор намешавам, ки кай келинҳоям чойу ғизо тайёр мекунанд. Дар оташдони хона алов карда, чой дам мекунам ва якҷо бо фарзандон мехӯрем, - нақл мекунад момо.

Мо дар арафаи Рӯзи модар ба хонаи ин момои табаррук омадем. Ӯ рӯйи ҳавлӣ ба коре машғул буд. Дар вақти суҳбат фаҳмидем, ки момо рӯзадор асту барои рӯзро кутоҳ кардан ба коре овора мешавад. Момои Ғамзабӣ соҳиби ҳашт фарзанд ва зиёда аз 100 набераю абера аст. Фарзанди калонӣ имрӯз ба синни 74 расидааст. Момои Ғамзабӣ имрӯз бо фарзанди дуюмаш (68-сола) дар деҳаи Горкийи Ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Кӯшониён зиндагӣ дорад. Ҳамарӯза мардуми деҳа, наздикону пайвандон ба аёдати момо меоянду дуои некашро мегиранд. Момо ҳини гусели мо ба Пешвои миллат ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон дуои нек доду модаронро бо Рӯзи идашон табрик гуфт.

 Мо - аҳли эҷоди рӯзномаи “Хатлон” Рӯзи модарро ба ин модари 110-сола ва дар симои ӯ тамоми модарони тоҷикро ба Рӯзи идашон табрик мегӯем. Таманнои онро дорем, ки модарони мо умри момои Ғамзабиро бубинанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода