ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ХУСРАВХОН РАҲИМОВ НОИБҚАҲРАМОНИ ҶАҲОНИ БОКС ДАР СОЛИ 2025 ШУД


ХУСРАВХОН РАҲИМОВ НОИБҚАҲРАМОНИ ҶАҲОНИ БОКС ДАР СОЛИ 2025 ШУД




Бори нахуст роҳ ёфтани муштзани тоҷик Хусравхон Раҳимов ба финали Қаҳрамонии бокси ҷаҳон барои варзиши Тоҷикистон падидаи нодир буд.

Хусравхони 23-сола дар вазни 57 кг дар финал бо намояндаи Қазоқистон Оразбек Асилқулов рақобат кард. Дар ин рақобат Раҳимов баромади шоиста намуд, лек қарори доварон ба фоидаи Оразбек шуд ва Хусравхон соҳиби медали нуқра гардид.

Ин аввалин медали нуқра дар таърихи бокси Тоҷикистон дар мусобиқаҳои Чемпионати ҷаҳон мебошад. Ба ғайр аз медали нуқра ба Хусравхон ҷоизасупӣ дар ҳаҷми 150 000 $ тақдим карда шуд.

Муштзани 25-солаи тоҷик Акмал Убайдов дар вазни 60 кг соҳиби нишони биринҷӣ ва 75 000 доллар ҷоизапулӣ дар Чемпионати ҷаҳони бокс дар Дубай гардид.

Қаблан дар таърихи бокси Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳон Абдусалом Ҳасанов (57 кг) соли 2003, Шералӣ Достиев (48 кг) соли 2005, Анвар Юнусов (56 кг) соли 2011, Мавзуна Чориева (60 кг) соли 2012, Баҳодур Усмонов (63,5 кг) соли 2023 соҳиби медалҳои биринҷӣ шуда буданд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода