Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – заминаи муҳимми рушди устувори давлат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 219
![]()
18 декабри соли 2025 дар толори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҳамоиши фаъолони вилояти Хатлон таҳти унвони «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Паёми созанда ва кафили таъмини рушди босуботи кишвар» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорону ҷавонон ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода иброз дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву стратегӣ самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеаро муайян менамояд.
Ба таъкиди ӯ, татбиқи пайваста ва босамари дастуру супоришҳои дар Паём ироашуда ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа мусоидат менамояд.Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар соли 2025 вилояти Хатлон ба як қатор дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардида, дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби Шоҳҷоиза ва ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Сипас раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро суханронӣ намуда, таъкид кард, ки Паёми Пешвои миллат роҳнамои фаъолияти минбаъдаи сохторҳои давлатӣ ва ҳизбӣ ба ҳисоб рафта, иҷрои пайгиронаи он аз ҳар як шаҳрванди кишвар масъулияти баланди шаҳрвандиро талаб менамояд. Ӯ нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар тарғиби сиёсати созандаи давлат, таҳкими худшиносии миллӣ ва ҷалби фаъолонаи аҳолӣ, хусусан ҷавонон, ба корҳои ободонию созандагӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Дар фарҷом Муаттара Ҷураева, донишҷӯи колеҷи тиббии давлатии шаҳри Бохтар ва Шаҳло Насруллоева, директори Литсейи давлатии "Ориёно" - и шаҳри Бохтар баромад намуда, миннатдори хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам намудани шароити мусоиди таҳсил баён намуданд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
26-01-2021, 14:00