КОРНОМАҲОИ ҶОВИДОНАИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...

Омӯзгор шуълаест аз нури маърифат, ки қалби ҷомеаро метавонад аз торикӣ мунаввар гардонад ва ба қуллаҳои баланди маънавӣ расонад, қодир аст вуҷуди одамонро ба куллӣ тағйир диҳаду дар ҷамъият маъруфтарину тавонотаринҳоро ба воя расонад. Педагоги машҳури рус А.С. Макаренко бар ин андеша аст, ки: «Агар муаллим барои эҳёи тафаккури насли нав хизмат намекард, зиндагӣ як лаҳза ҳам пеш намерафт». Дар ҳақиқат, агар омӯзгор намебуд ва тафаккури моро ташаккул намедод ва андешаи моро мукаммал намекард, пешравии ҷамъият нигаронкунанда буд.
Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ дар бораи омӯзгор чунин гуфта: «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад».
Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат аст, зеро омӯзгор раҳнамои хиради ҷомеа аст ва метавонад ботини ҷомеаро ташаккул дода, барои иҷрои ҳадафҳои олӣ роҳнамоӣ намояд. Ӯ ботини шогирдро аз хираду дониш мукаммал сохта, дунёи ақлонии ӯро тағйир медиҳад ва барои инкишофи ҳама вай саъй мекунад.
Пеш аз оне, ки ба саволи «Чаро омӯзгор мавқеашро дар ҷомеа гум кардааст» ҷавоб гӯем, ибтидо ба саволи дигаре ҷавоб бояд гуфт. Муаллим-омӯзгор кист? Чанд андешаи кӯтоҳе пиромуни ин масъалаи бисёр муҳим:
-ӯ зиндагиро бисёр дӯст медорад ва дар ҳамин раванд шогирдонашро барои зиндагиро дӯст доштану барои зиндагии шоиста омода шуданро талқин мекунад;
-ҳастии худро барои шогирдон додан пешаи асосии ӯст, зеро медонад, ки рисолаташ дар назди қонун дар ҳамон вақт иҷро мешавад, ки он чӣ ки медонад ва ё аз таҷрибаи зиндагӣ омӯхтааст, бояд ба омӯзанда биомӯзад;
-шогирдонро дӯст медораду аз комёбиҳои онҳо болида ва аз нокомиҳои онҳо ғамгин мешавад.
Дӯст доштани ӯ боз дар он ифода меёбад, ки аз шогирд дар баъзе мавридҳо, агар ягон камбудие сар занад, ӯро бо ҳар роҳ сарзанише мекунаду ҳамоно ин амали ӯ аз хотираш фаромӯш мешавад, зеро медонад, ки ӯ ҷавон аст ва дар оянда хатои худро дарк хоҳад кард;
-ҳамеша дар пайи омӯзиш ва такмили таълими худ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба шогирдон донишҳои зарурӣ ва муосир дода бошад;
-дар сухан гуфтан ва муошират бо шогирдон, волидайн ва дигарон намунаи одоб ва ибрат мебошад.
Ба ақидаи банда, ки солҳои дароз дар ин соҳаи муҳим фаъолият намудаам, агар чунин хислатҳои наҷиб ва омилҳо дар ботини шахсияте бошад, пас, ӯ муаллим-омӯзгор аст. «Муаллимӣ шуғл нест, муаллимӣ ишқ аст, агар онро чун воситаи рӯзгузаронӣ интихоб намудаӣ, раҳояш кун. Агар ишқи туст, муборакат бод»-и Муҳаммади Риҷоӣ беҳуда набудааст.
Акнун ба саволи асосӣ кӯшиш менамоем ҷавоб гӯем. Чаро омӯзгор мавқеашро дар ҷомеа гум кардааст? Агар хонандаро дӯст дораду барои таълиму тарбияи ӯ кӯшиш намояд, агар хонанда хатое кунаду ба ӯ барои минбаъд камбудӣ накардан роҳнамоӣ кунад, ба дарс бо тайёрии ҳаматарафа биёяд, ба ҷойи гапҳои беҳудаю суханҳои қабеҳ аз навгониҳои илмӣ маълумот диҳад, ҳамеша баҳри такмили дониши худ талош варзад, барои беҳбудии кор бо волидайни шогирдон ҳамеша дар иртибот бошад, пас, обрӯ ва мақоми он бармаротиб меравад.
ГОҲЕ РОҲБАРИЯТИ МАКТАБҲО НИЗ БАРОИ КОСТА ГАШТАНИ ОБРӮИ ОМӮЗГОР ТАЪСИРИ МАНФӢ МЕРАСОНАНД, АЗ ҶУМЛА ОМӮЗГОРРО МИЁНИ ХОНАНДАГОН БО ҶУРМИ ЯГОН ГУНОҲИ АНДАКЕ САРЗАНИШ МЕКУНАНД, МАВРИДЕ БАРОИ АЗ ХОНАНДАГОН ҶАМЪ КАРДАНИ ЯГОН МАБЛАҒ САФАРБАР МЕНАМОЯНД, МАВРИДИ ДИГАРЕ ОМӮЗГОРРО АЗ ДАРС ҶАВОБ ДОДА, БАРОИ ИҶРОИ СУПОРИШҲОИ ҒАЙР РАВОНА МЕСОЗАНД ВА ҒАЙРА.
Аз нақли калонсолон, солҳои50-70-уми асри гузашта, обрӯю эътибори муал-лим дар ҷомеа дар сатҳи баланд қарор дошт, зеро дар бисёр мавридҳо раиси ноҳия, сардори ягон корхона, шахсоне, ки дар либоспӯшӣ намунаи ибрат буданд бештар мардум ба онҳо муаллим гуфта муроҷиат менамуданд, мардум орзу мекарданд, ки фарзандони онҳо омӯзгор шаванд, дар деҳаҳо агар омӯзгор маъракае медошт, ҳама дар хизмати ӯ буданд, дар роҳе, ки омӯзгор мегашт, аз рӯи эҳтиром аз ӯ пеш намегузаштанд, дар ҳамаи маъракаҳо омӯзгор бологузар буд, агар кӯдак дар хона ягон хатое содир мекард, волидайн мегуф-танд, «ба муаллимат мегӯем», хонанда ҳамоно лол мешуд ва ғайра. Чаро чунин буд, барои он ки ҳамаи хислат, рафтор ва омилҳои дар боло овардашуда дар ботини онҳо мавҷуд буду намунаи ибрат буданд.
Аз тарафи Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои мил-лат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии омӯзгорон ва мақому нуфузи хоса доштани онҳо дар ҷамъият тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ андешида шуда истодааст. Аз ҷумла ҳамасола зиёд шудани маош, аз баъзе андозҳо озод намудани онҳо, амалӣ намудани имтиёзҳо, ташкили озмунҳои гуногун(«Ҷоизаи давлатӣ ба омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф» «Тоҷикистон-ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Шоҳномахонӣ», «Ҷоизаи давлатӣ ба омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиатшиносӣ») ва дигар чорабиниҳо, ки барои ҳавасмандии омӯзгорон равона карда шудааст, исботи гуфтаҳои болост. Барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии мамлакат пешниҳод намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи мақоми омӯзгор» қадами навбатии роҳбарияти сиёсии мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани манзалати омӯзгор аст.
Акнун аз мо- омӯзгорон тақозо карда мешавад, ки вазифаю ухдадориҳои ба зиммаи мо вогузоркардашударо самимона ва поквиҷдонона иҷро намуда, баҳри ҳадафи асосии соҳаи маориф, яъне тарбияи инсони комил, ки ояндаи Ватани маҳбуби мо аз онҳо алоқаманд аст, аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, меҳнат намоем.
Агар мо омӯзгорон масъулияти таълиму тарбияи шогирдонро ба ҳоли худ гузорему вазифаҳою уҳдадориҳои худро ба сомон нарасонем, бори гарони Ватанро ба дӯш нагирем, пас, кӣ масъули тарбия ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат, роҳбарону омӯзгорон, танзимгарону муҳандисон, духтурону санъаткорон, барқчиёну соҳибкорон ва ғайра, бояд бошад. Танҳо мо - омӯзгорон метавонем ин вазифаҳоро иҷро намоем.
Нуралӣ АЗИЗОВ,
омӯзгори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
