Омодагии вилояти Хатлон ба зимистонгузаронии солҳои 2025–2026 баррасӣ шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Маориф ва илм / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 156
![]()
18 декабри соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025, №218 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026» баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти роҳбарии Усмонзода Усмоналӣ, муовини Сарвазири мамлакат, бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ, инчунин муовини раиси вилояти Хатлон Заробуддин Қудратзода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ, раисони ноҳияҳои Кӯшониён, Дӯстӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Қубодиён ва Шаҳритус, намояндагони ситодҳои шаҳру ноҳияҳо, сардорони раёсатҳои молия, мудирони шуъбаҳои маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ, роҳбарони муассисаи давлатии идораи роҳҳо, намояндагони шабакаҳои тақсимоти барқ, инчунин раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии иҷрои қарори мазкур гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар намуда, омодагии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоятро ба зимистонгузаронӣ мавриди омӯзиш қарор додааст. Дар ҷараёни санҷиш фаъолияти муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, молия, кишоварзӣ, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҷамъиятҳои матлубот, шабакаҳои барқӣ ва дигар соҳаҳои муҳими ҳаётан муҳим таҳлил шуда, натиҷаҳои он ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардидааст.
Дар ҷаласа роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он ҳисобот дода, вобаста ба масъалаҳои маблағгузорӣ барои харид ва захиранамоии маводҳои сӯхт, озуқаворӣ, зиддилағжиш, инчунин омодагии иншооти энергетикӣ ва дигар мушкилоти ҷойдошта ибрози назар намуданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи захираи маводи зарурӣ ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026 супоришҳои мушаххас дод.
Набиҷони САИДАБРОР,
“Хатлон”
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...