ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МАСИРИ МУШКИЛИ БЕДОРӢ (Бардошт аз ёддошти С.Ятимов «Марди шоиста ва зиёие истисноӣ, ё достони ғаму шодӣ»)


МАСИРИ МУШКИЛИ БЕДОРӢ (Бардошт аз ёддошти С.Ятимов «Марди шоиста ва зиёие истисноӣ, ё достони ғаму шодӣ»)




Солҳои  ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ  чи  қадар  аз  мо дуртар шаванд, ҳамон қадар ба умқи аҳаммияти ин фоҷиаву мусибати одамон сарфаҳм меравем. Хайрият, ки инсон қобилияти фаромӯш кардану умед бастан ба ояндаи нек,  амалӣ  кардани  ормонҳоро  дорад.  Онҳое,  ки  заҳри  ғарибӣ  чашидаву пайвандонашонро  ба  хоки  бегона супоридаанд,  чи  хотироти  ҳазину сӯзандатар  думболагирашон  аст.  Шукр мекунем, ки бенону бехона будем,  аммо  дар  Ватани  худ  будем.  Шаҳидони  худро  дар  қабристони зодгоҳ гӯрондем.


Ҷанг  дар  домони  худ  хушку  тарро  баробар  месӯзад.  Аз  қабзаи  маргу гурезагӣ, ғаму фиғони он дар амон будан амри муҳол менамояд. Ягона садое, ки аз зеҳну дил мебарояд, ҳифзи ҷони худ аст, зеро барои инсон ҷон ширин аст. Ин эҳсос чи ба деҳқон ва чи ба олиму мансабдор мансуб аст. Дар ҳама ҳолат, ҳатто дар вазъияти ҷангу куштор низ  идомаи ҳаёт барои ҳар кадоми мо муҳим мемонад. 

Ёддошти  донишманди  варзида  С. Ятимов  дар  бораи  профессор  Раҳим Мусулмониёнро  мутолиа  кардаму  аз тақдири боз як марди шоиста ва зиёӣ,  муҳаққиқи  илми  адабиётшиносии Тоҷикистону  Эрон  дар  муҳоҷират  огоҳ шудам. Барои ман донистани ин аз он ҷиҳат муҳим буд, ки профессор Р. Мусулмониёнро чун муаллими фанни назарияи адабиёт мешинохтам. Дар қатори донишмандони забону адабиёт ва журналистика Ш. Ҳусейнзода, Д. Тоҷиев, М.  Қосимова, В. Асрорӣ, С. Табаров, А. Ну-ралиев, И. Усмонов,  Р. Мусулмонқулов низ ба мо дарс гуфтаанд. Ҳар як батолеътарин  донишҷӯи солҳои ҳаштодуми факултети  филологияи  Донишгоҳи миллӣ  ин  олимонро  хуб  мешинохт  ва ифтихор  ҳам  дошт,  ки  онҳоро  на  аз рӯйи китобҳояшон, балки чун шогирд аз сабақашон  баҳраманд  шудааст.  Баъди хатми донишгоҳ ҳама аз пайи кору рӯзгор шудему аз якдигар бехабар мондем. Ҷанг моро боз ҳам пароканда кард. 

Дар  таълифи  С.  Ятимов  андешаеро  дар  бораи  гаравидани  одамон  ба ҷунбишҳои сиёсӣ мушоҳида кардам. “Як қисмати равшангароён олимони ҳақиқӣ,  аммо аз лиҳози сиёсӣ ниҳоят сода ва барои ҳамин ҳам осебпазир буданд”. Дар қатори онҳо профессор Р. Мусулмониён барин зиёиён, ки иштибоҳи худро маҷрои сиёсатбозиҳои мансабталошону ҳадафи аслии ифротиёни мутаассиб фаҳмидаву “аз рӯйи нангу номусе, ки хосси ин зумра буд,  натавонистанд,  ваҳшати  раҳгумии худро эълом доранд”, низ буданд. 

Ҳини омӯзиши публитсистикаи сиёсии Тоҷикистон оид ба ҷанги шаҳрвандӣ ва сулҳи тоҷикон, аз ҷумла “Соли Набиев”-и И. Усмонов ному насаби бароям шиноси муаллимонамро хонда, дар ҳайрат афтода будам. Олимон А. Сатторзода ва Р.  Мусулмониён  дар  гирудори  майдонҳои “Шаҳидон” ва“Озодӣ” тарафдори  идеологияи ба ном демократӣ шуда, манъ кардани фаъолияти Ҳизби коммунистро талаб карда будаанд.

Аз  таърих  медонем,  ки  дар  оғози истиқлолхоҳии миллии солҳои навадум дарки  нодуруст  ва  амбитсияҳои  калон доир ба давлатдорӣ боиси мухолифати андешаҳо гардид. Бо “кумак”-и қувваҳои беруна ва тарғиботи душманони озодиву истиқлоли тоҷикон кишвар ба саҳнаи фоҷиаи фарзандони як сарзамин табдил ёфт. 

Як маслиҳати устод И. Усмонов бароям манфиат дод. Ба хотираҳо, таҳлилҳои дар  гармогармии  воқеаҳо  баёншуда боэҳтиёт  будан,  зеро  бо  гузашти  вақт, суроғи  омилу  сабаб  ва  баррасии  он масъала воқеитар мебарояд. Дар масъалаи муаллимонам ҳам ба хотири илму дониш  омӯхтанашон  истиҳола  кардам. Дар кунҷи дилам ба чунин будани муносибати эшон  ба сиёсат боварам намеомад. Имрӯз аз мутолиаи маводи С. Ятимов дар бораи Р. Мусулмониён ҳақ буданамро эҳсос кардам. 

Аз  давраи  донишҷӯиямон  чор даҳсола  гузашт.  Аммо  дарси  устодони асил фаромӯш намешавад ва бароямон идеали беҳтарин муносибат бо донишҷӯ, шеваи омӯзиш боқӣ мемонад. 

Бо С. Ятимов ҳамфикрам, ки “Мусулмониёни  сарсупурдаи  илм  ва  адабиёт ҳама вақт дар банди хаёлот ва таҳқиқоти эҷодӣ-илмӣ мегашт”.

ДАР ҲАР САНҶИШИ ТАҚДИР ҲИКМАТЕ ҲАСТ. ПРОФЕССОР Р. МУСУЛМОНИЁН ДАР ҚАТОРИ ЗИЁИЁН БА ХОКИ ЭРОН ФИРОР КАРДА БОШАНД ҲАМ, АЗ СИЁСАТ ХУДРО КАНОР ГИРИФТАНД. МИСЛИ ДИГАР ЗИЁИЁН АЗ ПАСИ МУЛЛОҲОИ КАМСАВОДИ МУТААССИБ ДАР ПАЙИ ЯРОҚУ ПУЛ, ХУШОМАДИ САРПАРАСТОНИ “МУБОРИЗА”, БАҲСҲОИ СИЁСӢ  БО ҲАММИЛЛАТОНИ  ХУД НАШУДАНД. ИСЛОҲИ ХАТО БО КОРҲОИ ИЛМӢ ҶУБРОН ШУД.

Кӯшиш ва ҷасорати устод бо эҳсоси дӯстӣ  ва  ҳамватанӣ  дар  суроғи  муколама  бо  намояндагони  Тоҷикистон,  вохӯриву  сафарҳо  бо  С.  Ятимов  ба Қазвину Ҳамадон, Исфаҳон, мубоҳисаву мушоираҳо  дар  боби  зиндагинома  ва осори  оламшумули  Убайди  Зоконӣ,  Абуалӣ ибни Синову Ҳофиз, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, бознашри мақолаи устод Садриддин Айнӣ аз ҳадафи одами  илму  фарҳанг  далолат  мекунад. 

Барои  Мусулмониён  Эрон  имконияти дастрасӣ ба маъхазҳои адабиву илмӣ, тадрису  ҳамкорӣ  бо  олимони  Эрон, фаъолият  дар  Бунёди  Доиратулмаорифи исломии Теҳронро дод, мақолаву китобҳои  арзишманди  илмӣ  рӯйи  чоп омаданд. Солҳои ҳиҷрат ба манфиати адабиёти тоҷик сарф шуд.

Ба номгузории китобҳояшон менигараму аз нияти устод бохабар мешавам. “Саду  як  андеша”, “Чаҳор  сухан аз Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ”, “Тоҷикон  дар  таърих”  инъикосгари мақсади  муаллифанд.  Доимо  бо  ёди вориси Носири Хусрав будан, тоҷик бу-дан, меҳри Ватан ва бозгашт ба он дар дилашон маъво доштааст. 

Ёд дорам, ҳангоми таҷлили ҷашни мутафаккир  ва  шоир  Носири  Хусрав дар ноҳияи Қубодиён гуфтанд, ки профессор  Р.  Мусулмониён  ҳам  меоянд.  Аз  шунидани  ин  хабар  хурсанд  шудам.  Аммо  баъдтар  фаҳмидам,  ки устод  фаромӯшхотир  шудаанду  дар ин ҳамоиши илмӣ ширкат намекунанд. Афсӯс хӯрдам, ки чунин донишманд бо муҳаббати беандоза ба адабиёти миллат дигар тавони эҷоди илмро надорад.

Саҳми устод дар муаррифии илми адабиётшиносии тоҷик бузург аст. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташкил шудани китобхонаи шахсии профессор Р. Мусулмониён бо4000 номгӯй китобу  мавод  барои  насли  имрӯза  дари таҳқику  омӯзишро  мекушояд,  барои идомаи кори олим имкон медиҳад. Ин моро таскин мебахшад ва бовар мекунонад, ки масири зиндагиву фаъолияти муҳаққиқии устод ноҳамвор бошад ҳам,  дар ниҳояти кор, бедориву садоқат ба илм сазовори эътироф хоҳад монд. 

Дилором МАҲКАМЗОДА, 
номзади илмҳои филологӣ

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода