Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Таҷлили хотирони Рӯзи Артиши миллӣ дар Бохтар


Таҷлили хотирони Рӯзи Артиши миллӣ дар Бохтар



Имрӯз, 22 феврал, дар толори Кохи фарҳангии шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 29-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар толори мазкур беш аз 700 нафар афсарону аскарони шуҷоъ, собиқадорони Вазорати мудофиа, ҷанговарони башардӯст, ҳамсарони хизматчиёни ҳарбии ҳалокгардида ҳузур доштанд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни суханронии табрикии худ қайд намуданд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи замони соҳибистиқлолӣ буда, неру, қудрату тавоноии он ба як ниҳоди пуриқтидори муосири замонавӣ табдил ёфтааст ва имрӯз пурра ҳимояи марзу буми меҳани аждодиро ба дӯши худ гирифтааст.


Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми басо арзишманд гузоштанд.

Раиси вилоят ёдовар шудан аз таърихи 29-солаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро барои насли имрӯзу оянда пураҳамият арзёбӣ намуданд, зеро дар тӯли солҳо ин ниҳоди мудофиавии кишвар пурра бо биноҳои ҳарбӣ, пойгоҳи моддию техникӣ, кадрҳои ихтисосманду содиқ ба ватану миллат таъмин гардида, шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсиро паси сар кардааст.

Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони ватандӯсту худшинос, ҷасуру ҷонфидо ва ҷисману рӯҳан обутобёфта хизмати Ватан- модарро ба ҷо меоранд.

- Мардуми шарифи Тоҷикистон хизматҳои таърихии фарзандони далеру шуҷои худро ҳамеша пос медоранд ва хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд, - афзуданд раиси вилоят.

Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин қайд намуданд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо пуштибонӣ аз таваҷҷуҳи роҳбарияти олии сиёсии кишвар дастгирии қисмҳои низомии ҳудуди вилоятро яке аз самтҳои фаъолияти худ дониста, вобаста ба имкониятҳои мавҷуда барои фароҳам овардани шароити мусоид чораандешӣ менамояд.

Таъкид шуд, ки бо такя ба хизматҳои шоистаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки аз 1-уми январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шуд, ки ин ғамхории Пешвои муаззами миллат бори дигар масъулияти кормандонро дар иҷрои вазифаҳои пурмасъули худ дучанд менамояд.

Дар заминаи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хизматҳои ҳайати шахсӣ ва кормандони мақомоти амнияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратиро қадрдонӣ карда, ҷиҳати беҳтар намудани шароити кору хизмат, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоӣ ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии онҳо тадбирҳои муассир меандешад.

Пас аз сухани шодбошии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода маросими тақдими Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба як қатор кормандони комиссариатҳои ҳарбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо барпо гардид.

Қурбон Ҳакимзода саҳми арзандаи ҳар як собиқадори хизмати ҳарбиро дар баланд бардоштани обрӯю нуфузи Қувваҳои мусаллаҳ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон таъкид намуда, дар вазъи тантанавӣ мукофотҳоро ба соҳибонашон супориданд.

Инчунин ба 10 нафар оилаҳои хизматчиёни ҳарбии ҳалокгардида, 11 нафар хизматчиёни ҳарбии ҷароҳатбардошта, 6 нафар иштирокчиёни барқароркунии сохти конститутсионӣ аз ҳисоби фонди захиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кумакҳои молиявӣ расонида шуд.

Раиси вилоят ба ҳамаи афсарону аскарон дар иҷрои хизмати ҳарбӣ, ки масъулияти бузург ба ҳисоб меравад, иродаи қавӣ, ҷасурӣ, тансиҳативу хушбахтӣ ва барори кор орзу намуданд. 

Ҷамъомади тантанавиро ба муносибати таҷлили 29-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат барномаи рангини ҳунарии аҳли санъати вилояти Хатлон зебу зинат бахшид.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода