Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАРҲИ НАВИ АНДОЗБАНДӢ: САБУКӢ БАРОИ СОҲИБКОРОН Ё МАҲДУДИЯТИ НАВ?


ТАРҲИ НАВИ АНДОЗБАНДӢ: САБУКӢ БАРОИ СОҲИБКОРОН Ё МАҲДУДИЯТИ НАВ?




Ба  тасвиб  расидани  Фармони  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар  бораи  тадбирҳои  вусъат  додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» дар фаъолияти рӯзмарраи шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидорӣ тағйироти назаррас ворид намуд. Имрӯз қариб тамоми хизматрасониҳо, пардохтҳои давлатӣ ва ҳатто аксари хизматрасониҳои бахши хусусӣ ба таври ғайринақдӣ амалӣ мешаванд. Бо вуҷуди ин, пешниҳоди лоиҳаи озмоишии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти андозбандии соҳибкорони инфиродӣ дар миёни соҳибкорон нофаҳмию саволҳоро ба вуҷуд овардааст. Баъзе соҳибкорон бар ин назаранд, ки татбиқи ин тарҳ метавонад ба фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо таъсир расонад ва онҳоро водор созад, ки дубора ба ҳисоббаробаркунии нақдӣ рӯ оваранд. Гурӯҳи дигари соҳибкорон аз ин тарҳ пазироӣ мекунанд.

Яке  аз  соҳибкорони  бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе, ки нахост номаш зикр шавад, мегӯяд: «Пас аз пешниҳоди ин тарҳ миёни соҳибкорон сару садоҳои зиёде ба миён омад. Аз ин рӯ, мо бештар ба таври нақдӣ мол мефурӯшем. Ҳангоми харидуфурӯш аз муштариён хоҳиш мекунем, ки маблағро нақдӣ пардохт намоянд. Танҳо дар ҳолати надоштани пули нақд пардохти ғайринақдиро қабул мекунем».

Саидҷон  Кенҷаев,  фурӯшандаи  дигари  ҳамин  бозор  чунин  ибрози  назар  намуд:  «Воқеан рӯзҳои аввал огоҳӣ ёфтем, ки чунин як  тарҳи  озмоишӣ  пешниҳод  гардидааст,  аз амалиётҳои ғайринақдӣ даст кашидем. Баъдан Кумитаи андоз як видеоролик нашр намуд, ки дар он мегӯяд: “Ин тарҳ аз 1 сентябр ба таври амалӣ фаъолият мекунад. Ҳоло бошад,  ғайринақдӣ қабул дорем, лекин камтар қабул мекунем».

Ин  гуфтаҳо  нишон  медиҳанд,  ки  дар марҳилаи  аввал  тарҳи  мазкур  дар  миёни қисми  муайяни соҳибкорон нофаҳмиҳо ба вуҷуд оварда, баъзе аз онҳоро ба истифодаи ҳисоббаробаркунии  нақдӣ  ташвиқ  кардааст.  Бархи дигарро иҷрои амалиёти ғайринақдӣ ба нобоварӣ овардааст.

Пас,  суоли  матраҳ  ин  аст,  ки  омилҳои пешниҳоди тарҳи нави андозбандии ҳамёнҳои электронӣ дар чист? Барои посух ҷустан ба ин суол дар сомонаи расмии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон egov.tj ворид гардида, ба рақамҳои боварии дохили сомона занг задем.  Мутаассифона, нафаре ба зангҳои мо ҷавоб надод...  

БАРНОМАИ ОЗМОИШӢ ЧӢ АҲАМИЯТ ДОРАД?


Пешниҳод  гардидани  лоиҳаи  озмоишӣ дар ин бора дар миёни ҷомеаи соҳибкорон саволҳои зиёдеро ба бор овард.  Солеҳзода Абдурозиқ, сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони  Раёсати  андози  вилояти Хатлон, ба рӯзномаи «Хатлон» аҳамияти лоиҳаи озмоиширо чунин шарҳ дод: «Яке аз  уҳдадориҳои соҳибкорон пешниҳоди эъломияи андоз мебошад. Дар доираи лоиҳаи озмоишӣ худи барнома эъломияро ба таври худкор ташаккул медиҳад. Ин барои соҳибкорон сабукии назаррас ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, иштирокчиёни лоиҳа аз баъзе шаклҳои назорати андозӣ, аз ҷумла муоинаи хронометражӣ, санҷиши амалиётӣ ва назорати камералӣ озод карда мешаванд».

Ба гуфтаи ӯ, барои амалиётҳои ғайринақдӣ бо QR-рамзи  ягонаи  анҷомёфта 3  фоиз муқаррар  гардидааст.  Аз  ин  нишондиҳанда:  0,5 дарсад ҳаҷми андози низоми мазкур ва 0,5  дарсади андози иҷтимоӣ ба буҷет ва 1 дарсад ҳамчун кешбек (ҳавасмандгардонӣ) ба харидор ё интиқолдиҳанда баргардонида мешавад.  Қисми  боқимонда  тибқи  тартиби муқарраргардида тақсим мешавад.

Соҳибкор Шодмон Назарзода аз ин тарҳ ҷонибдорӣ  намуда, мегӯяд: «Қаблан аз даромад 6 фоиз андоз месупоридем, ҳоло бошад,  меъёр камтар шудааст. Ба назари ман, ин тарҳ барои соҳибкорони хурди инфиродӣ сабукиҳои муайян меорад».

Ба таъкиди масъулон, лоиҳа танҳо ба он шахсоне  дахл  дорад,  ки  ҳамчун  соҳибкори инфиродӣ дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудаанд. Шахсони воқеие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул нестанд, ба ин низом шомил намегарданд. Тибқи иттилои Раёсати андоз дар вилояти Хатлон бо мақсади шарҳу тафсири тарҳи нав гурӯҳҳои корӣ ташкил гардида, бо соҳибкорони шаҳру  ноҳияҳои  вилоят  суҳбату  вохӯриҳо ҷараён дорад. 

МАҲДУДИЯТҲОИ БАРНОМАИ ОЗМОИШӢ

Дар баробари имтиёзҳо барномаи озмоишӣ баъзе  маҳдудиятҳоро  низ  пешбинӣ  менамояд. Ба гуфтаи Солеҳзода Абдурозиқ: «Агар аз ҳамёни электронии як шахси воқеӣ ба ҳамёни  электронии шахси воқеии дигар дар як рӯз зиёда аз 10 амалиёт анҷом дода шавад, чунин амалиётҳо  метавонанд  ҳамчун  фаъолияти соҳибкорӣ арзёбӣ гарданд. Дар ин ҳолат маълумот ба мақомоти андоз ирсол шуда, масъалаи  ҳамчун  соҳибкори  инфиродӣ  ба  қайд гирифтани шахс мавриди баррасӣ қарор мегирад».

А. Солеҳзода дар идома афзуд, ки агар дар давоми як моҳ аз як ҳамёни электронӣ зиёда аз 80 амалиёт анҷом дода шавад, система метавонад шахсро ба таври худкор ҳамчун иштирокчии барномаи озмоишӣ ба қайд гирад. Дар сурати дар давоми ду моҳ анҷом наёфтани ягон амалиёт, номи чунин шахс ба таври худкор аз низом хориҷ карда мешавад.

Ҳадафи  асосии  лоиҳаи  озмоишӣ  содасозии  баҳисобгирии  андоз,  коҳиши  сарбории  маъмурӣ  ва  рушди  ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ  арзёбӣ  мешавад.  Аммо  баъзе  муқаррароти  он  ҳанӯз  ҳам  дар  байни соҳибкорон саволҳо ва нигарониҳоро ба вуҷуд овардааст.  Аз  ин  рӯ,  масъулини  ниҳодҳои марбутаро лозим аст шарҳу тавзеҳи бандҳои барномаи озмоиширо дар миёни соҳибкорону шахсони  воқеӣ  бештар  ба  роҳ  монанд.  То соҳибкорон дар марҳилаи озмоишӣ аз моҳияту ҳадафҳои барномаи мазкур хубтар  бархӯрдор шаванд. 

Аз  таҳлилҳо  маълум  гардид,  ки  лоиҳаи озмоишӣ дар самти андозбандии соҳибкорони инфиродӣ санаи 16 апрели соли равон дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Аз пешниҳоди ин лоиҳа 2  моҳ сипарӣ гардидаасту то ҳол саволҳо дар миёни соҳибкорон ба мушоҳида мерасад. 

А. РИОЕВ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода