Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ ВА ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ


БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ ВА ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ





12 июн. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг ташриф оварда, аз ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва омодагии иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.

Дар ҷараёни сафар раиси вилоят аз як қатор иншооти сохташаванда ва бунёдшаванда дидан намуда, бо масъулини соҳа, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва сохтмончиён суҳбат анҷом доданд. Ба масъулон ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ, риояи талаботи меъморӣ, истифодаи босамари масолеҳи сохтмонӣ ва дар муҳлатҳои муқарраршуда ба истифода супоридани иншоотҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Таъкид гардид, ки ҳар як иншооти ҷашнӣ бояд бо сифати баланд, ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва дар муҳлати муайяншуда сохтаву мавриди истифода қарор дода шавад. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи масъулон ба вусъати корҳои ободонӣ, тозагиву сарсабзии маҳал ва фароҳам овардани шароити арзанда барои сокинон ҷалб карда шуд.

Зимни мулоқоту суҳбатҳо Давлаталӣ Саид аҳамияти саҳми сокинонро дар корҳои созандагӣ баланд арзёбӣ намуда, онҳоро ба идомаи корҳои бунёдкорона, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуданд.

Умарҷон Тошматов,
"ХАТЛОН"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода