Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҚИССАИ ЗИНДАГИИ "АПАЧА"


ҚИССАИ ЗИНДАГИИ "АПАЧА"


Ҳар гоҳ рӯзгори ширину муҳаббати поки бобою бибӣ  ва  падару  модарон  пеши  назар  меояд,  аз онҳо ҳавас мебарам. Аз ин хотир, мехоҳам қисмати занеро,  аниқтараш  аммаам  Химчагулро,  ки  аз меҳрубонӣ  нисбати  ӯ “апача”  низ  мегуфтемаш, қисса кунам. Ӯ то охири умр ба бахту муҳаббаташ содиқ монда, рӯзгораш ибратбахш аст.

... Апачаи мо зани хурдҷусса(эҳтимол чунин тахаллус гирифтанаш ҳамин бошад), вале қалби бузург ва ҳам меҳрубону дилсӯз дошт. Аз забонаш гӯё асал мерехт. Шавҳараш Қурбон бошад, марди хушфеъл, хушандому чеҳракушода ва паҳлавонҷусса буд. Онҳо дар деҳаи на он қадар калони наздикӯҳӣ ба  дунё  омада,  камол  ёфтанд.  Апача  дар сездаҳсолагӣ аз модар маҳрум гашт. Ҳамроҳи бародараш Холмуъмин аз марги нобаҳангоми модар талх мегиристанд. Вале бо ин ҳама ашкрезию нолаи осмонкафашон модарро баргардонида натавонистанд. Қиблагоҳашон бобои Маҳмасолеҳ онҳоро ҳам падар ва ҳам модар шуд. Бобо шикорчӣ буд ва бештари вақти худро дар кӯҳу камар мегузаронид. 

Ӯ дар шикорчигӣ ном бароварда буд. Маҳмасолеҳ - мерган боз зан гирифт ва фарзандони хешро аз танҳоӣ раҳонид. Модари ӯгай ба бахташон зани неку бекина ва меҳрубону ғамхор

баромад ва модари аслиашонро иваз намуд. Апача ба хурдии худ нигоҳ накарда, ҳамаи корҳои хонаро ба сомон  расонида, ба модарандар дар пухту паз низ дастёр буд. Ҳатто ширинзабонию меҳрубониҳояш ӯро ба хурду бузурги деҳа наздик карда буд. Бо  як  хислати  наҷибаш  ӯ  ҳамагонро  дар ҳайрат монда. Баъзан бо падар ба шикор рафта, ӯро ҳамроҳӣ менамуд. Қиблагоҳ гоҳ-гоҳ шӯхиомез мегуфт: "Духтарам, ту шавқи шикор дорӣ, беҳтараш писар таваллуд мешудӣ".

...Бобои  Маҳмасолеҳ  чун  ҳарвақта  ба  шикор рафту як ҳафта бедарак шуд. Аҳли деҳа, бахусус, зану фарзандонаш хавотир шуданд. Рӯзи ҳаштум аспи ӯ танҳо баргашт. Ин ба қалби хонавода алов андохт. Апача ба касе чизе нагуфта, савори саманд ба ҷустуҷӯи падар рафт. Ҳамон шабу рӯз барфи бисёр борида, роҳҳои морпечи одамгузари кӯҳиро пӯшонида, ба қавле, нопадид гардонда буд. Дар чунин ҳаво ва таваккалӣ кӯҳгардӣ душвору хавфнок буду кас зуд роҳгум мезад.

Духтари шердил бо як мушкилӣ пайроҳаҳоро ёфта, аз як дара ба дараи дигар мегузашт. Рӯз бегоҳ шуд. Оҳиста-оҳиста ба гирду атроф торикӣ мефаромад.  Ӯ  падарро  наёфта,  ба  деҳа  баргаштанӣ шуд. Самандаш сари роҳ аз чизе рамида, якбора худро ба қафо кашид. Апача аз болои асп парида, ба қаъри ғоре афтод. Барфи бисёр боис шуду ӯ осебе надид. Бо тамоми овоз садо мекард, ба ёрӣ мехонд. Овози имдодталабаш ба гӯши Қурбон, ки аз ҳезумкашӣ бармегашт, расид. Ӯ Апачаро аз ғор баровард.

- Химчагул, дар ин ҳаво боз ба шикор баромадӣ? -пурсид Қурбон.

- Не, падарам як ҳафта зиёдтар бедарак аст. 

Аспаш ба хона баргашту худаш не, - оби дида кард духтар.

- Падарат дар назди ҷӯраҳои чӯпонаш, хавотир нашав, - гуфтани ҷавон ӯро осуда намуд. Онҳо ба деҳа баргаштанд.

Рӯзи дигар духтар кӣ будани наҷотбахши худ-ро фаҳмида, хурсанд шуд. Бо ӯ борҳо ҳамсуҳбат шуд, рӯймолчаҳои тӯрбофӣ, ки нишонаи миннатдориаш буд, ба вай тақдим менамуд. Қисмат онҳоро ба  якдигар  наздиктар  кард.  Мулоқотҳои  онҳо  ба муҳаббат табдил ёфта, ба ҳам дил бастанд. Қурбон аз Апача даҳ сол калон буд, аммо ин садди роҳи муҳаббаташон  нагашт.  Дере  нагузашта,  ҷавонон ҳамхона  шуданд.  Модари  ӯгай  хурсандии  духтарашро дида, баробари ӯ шодӣ мекард...

Аз заношӯйии онҳо шаш моҳ сипарӣ шуд. Хабари шуми оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба деҳаҳои дур-дасти кӯҳӣ низ расид. Ҷавонони далеру ватандӯст як-як ихтиёран ба ҳифзи Модар-Ватан бархостанд. Модарони дилпора ҷигарбандони хешро ба ҷанги зидди  душман  фиристода,  зор-зор  мегиристанд. 

Қурбон низ ба ҷанги зидди Гермон рафт. Дидаҳои зебои Апача пурнаму қалбаш пурғам гардид. Ханда аз лабонаш парида буд. Қурбон пеш аз рафтан санги  осиёби  навтарошидаашро  бардошта,  рӯйи ҳавлӣ,  зери  дарахти  калони  чормағз  гузошт. “То баргаштани ман ҳамин ҷо истад. Вақте ки омадам, худам онро аз ин ҷо мегираму бо ҳамин баргаштанамро маълум мекунам”, - гуфт ӯ. – Агар насиби баргаштан набошад, дидор ба қиёмат. Маро бисёр интизор нашав, ба шавҳар барою орзуҳоятро бин”.

Қурбон савори асп аз ҳавлӣ баромада истода, боз гуфт: “Бачадор шавӣ, номашро Намоз гузор”...

Апача то охири умр гиреҳи ин муаммои сарбастаро кушода натавонист, ки чаро ба фарзандаш чунин ном гузорад. Ҳамон  солҳо  зиндагӣ  душвор  гардид.  Дар деҳот танҳо занону кӯдакон ва мӯйсафедон монда буданд. Ҳар рӯзу соати пасисаргашта барои Апача солро мемонд. Апача бачадор шуд. Ба ӯ На-моз ном ниҳод. Хурсанд буд аз нишонаи шавҳар. 

Беқаророна роҳи шавҳарро мепоид. Ба деҳа боз шумхабарҳои навбатӣ мерасиданд. Аз аскарбачаҳо хати сиёҳ меомад. Дар деҳа аллакай бисёр занҳо бева мондаю пероҳани мотамӣ ба бар карда. Апача низ хати сиёҳи шавҳарро гирифту ғам кунҷи дили ӯро хона намуд. Намози худро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекард. Боварӣ дошт, ки шавҳараш зинда асту бармегардад, писари паҳлавонашро мебинад. Ҷанг тамом шуд. Мардони ҳаётмонда боз ба деҳа баргаштанд. Бародараш Холмуъмин низ ба хона баргашт. Ӯ аз як пой маҳрум гашта. Вай ба хоҳараш гуфт: 

-Химчагул, тақдират сахт будааст. Шавҳаратро дигар интизор нашав. Ӯ соли аввали ҷанг дар майдони ҷанг қаҳрамонона ҳалок шуд. Дар пеши чашмонам ҷон дод...

Апача аз ҳуш рафту охири суханони бародарашро нашунид. Солҳо мегузаштанд. Аммо меҳру муҳаббаташ нисбати шавҳар аз қалби ӯ намерафт. Ҳамин гармии муҳаббатҳои Қурбон ӯро ба рӯзи дигар мерасонд...

Намоз  камол  ёфта,  андоми  падарро  мегирифт.  Модар  ҷигарбандашро  дида,  дилаш  гум мезад, беихтиёр ёди шавҳар карда, дарун-дарун месӯхту  зор-зор  мегирист.  Борҳо  ба  ӯ  гуфтанд, ки худро насӯзонад, бо ин шавҳарро баргардонида намешавад. Ба шавҳар баромада, зиндагиро идома дода, наслашро зиёд намояд. Аммо ӯ рад мекард. “Қалбам танҳо барои Қурбонам офарида шудааст. Барои каси дигар дар он ҷой нест. 

Намехоҳам фарзанди ӯ дар хонаи марди дигар  бошаду  рӯҳи  шавҳарам  ранҷад”,-посух медод Апача.

Оре, барои ӯ дигар чизею касе даркор набуд. Танҳо барои писару шавҳари бедаракаш мезист. Синни Намоз ба бист расид.  Модар барояш арӯси зебо ёфта, тараддуди тӯйро медид. 

...  Зимистон  буд.  Намоз  ҳезумкашӣ  мекард. Субҳи барвақти ҳамон рӯз чун одат, табару банд гирифта, ба ҳезум рафт. Рӯз бегоҳ мешуд. Аммо аз писар дарак набуд. Ҳаял кардани ӯ модарро хавотир намуд. Зеро Намоз одати дер омаданро надошт. Апача ба хонаи бешабон Расул, ки дар ҳамсоягиаш мезист, омад, то фаҳмад, ки шояд ӯ Намозашро дар ҷангал дида бошад. Ҷангалбон бо тундӣ “Надидам!” гуфт.

Апача  аз  ҳавлии  ӯ  баромада  истода,  дар  як гӯша табари писарро дида монд. Дилаш гум зад. Дар бораи бадкориҳои бешабон бисёр шунида буд. 

Вале бовар намекард, наход вай писарашро ягон бало карда бошад? Модар хомӯшона ба кӯча баромада, ҷониби ҷангал роҳ пеш гирифт. Писарро хеле ҷустуҷӯ намуд. Танҳо банди ҳезумкашии Намозро бурида-бурида дарёфт. “Ин кори Расул!”-гуфт модар зери лаб. Қатраҳои хун рӯйи барф рехта, изи он ҷониби соҳили дарё мебурд.

(Идома дорад)
Саттор ҚАРАХОНОВ, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода