Хатлон дар ҷамъоварии ғалла пешсаф аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 2
![]()
Дар ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагӣ бомаром идома дошта, то5 июни соли равон аз майдони 31 ҳазору 480 гектар 110 ҳазору 99 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ гардидааст.
Тавре Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, бо мақсади беталаф ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил ситоди махсуси ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда, ба кишоварзон дар раванди дарав кумак мерасонад.
Бино ба маълумот, соли 2026 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии кишвар дар майдони 293 ҳазору 702 гектар кишти зироатҳои ғалладонагӣ гузаронида шудааст. Аз ин ҳисоб, 195 ҳазору 106 гектарро кишти гандум ташкил медиҳад. То имрӯз аз 25 ҳазору 426 гектар майдон гандум даравида шуда, 92 ҳазору 712 тонна ҳосил ба даст омадааст. Ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар40 сентнерро ташкил медиҳад.
Мутахассисони соҳа таъкид менамоянд, ки ғалладонагиҳо, аз ҷумла гандум, ҷав, лӯбиё, нахӯд, мош, шолӣ ва ҷуворимакка аз муҳимтарин маҳсулоти ғизоии аҳолӣ ба шумор рафта, рушди истеҳсоли онҳо барои таъмини амнияти озуқавории кишвар аҳамияти стратегӣ дорад.
Ба иттилои вазорат, вилояти Хатлон бо назардошти шароити мусоиди иқлимӣ яке аз минтақаҳои асосии парвариши ғалладонагӣ дар мамлакат маҳсуб ёфта, айни замон дар ҷамъоварии ҳосили ғалла байни минтақаҳои ҷумҳурӣ мавқеи пешсафро ишғол менамояд.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...