Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » САДОҚАТ, АДОЛАТ ВА ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР НАМОИШНОМАИ «ТАФТИШГАР»


САДОҚАТ, АДОЛАТ ВА ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР НАМОИШНОМАИ «ТАФТИШГАР»




Имрӯз бо дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоят, инчунин дӯстдорони санъати театр ба тамошои намоишномаи «Тафтишгар» ҳозир шуданд.

Намоишномаи мазкур аз рӯи асари Муҳаммад Ғоиб таҳия гардида, онро коргардони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов Қурбонмуҳаммад Шукурзода рӯи саҳна овардааст.



Мавзӯи асосии намоишнома ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бахшида шуда, дар симои қаҳрамони асосӣ тафтишгар шахсияти ватандӯст, содиқ ба касб ва масъулиятшинос таҷассум ёфтааст. Муаллифон талош намудаанд нишон диҳанд, ки тарбияи инсони комил ва хизматгузори ҷомеа аз муҳити оила оғоз мегардад.

Қаҳрамони намоишнома фаъолияти таҳқиқу тафтишро рамзӣ аз хонаводаи худ оғоз намуда, тавассути таҳлили муносибатҳои оилавӣ масъалаҳои муҳими тарбияи фарзанд, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва масъулияти шаҳрвандиро матраҳ месозад.

Дар ҷараёни намоиш образи модар ҳамчун рамзи покӣ, меҳрубонӣ ва хирадмандии зани тоҷик хеле таъсирбахш инъикос гардида, нақши муҳими ӯ дар ташаккули шахсияти фарзандон нишон дода мешавад.



Намоишномаи «Тафтишгар» бо муҳтавои тарбиявӣ, саҳнаҳои ҷолиб ва паёмҳои ахлоқиву ватандӯстонааш аз ҷониби тамошобинон хуб пазируфта шуда, ба ҳунари ҳунармандон баҳои баланд дода шуд.

Н. Саидаброр, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода