Доира аз оҳан
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳунарҳои мардумӣ / Хабарҳо, Боздид 1 328
Сайфулло Сафаров соли 1967 пас аз хатми омӯзишгоҳи маданӣмаърифатии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) ба зодгоҳаш- ноҳияи Фархор омада, дар вазифаҳои мудири автоклуб, роҳбари мусиқӣ, директори Хонаи маданият кор кард. Дар як вақт ба сохтани асбобҳои мусиқӣ, аз қабили қӯштор (тори секоса), дутобас, рубоб, доира машғул шуд.
Имрӯзҳо асбобҳои сохтаи ӯро санъаткорони минтақаи Кӯлоб ва аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ низ истифода мебаранд. Ӯ дар ҷумҳурӣ аввалин шуда ба сохтани доираи оҳанин (аз турба) даст зад ва аз уҳдааш баромада тавонист. Ду доираи оҳанини сохтаашро ба мактаби бачагонаи санъат туҳфа кард. Муаллими мактаби номбурда Табаралӣ Авсақолов доираи оҳанинро навохта чунин гуфт: «Доираи ихтироъкардаи акаи Сайфулло аз доираҳои чӯбин фарқ мекунад. Аввалан, он умри дароз мебинад, ҳамчунин садояш баланд ва ҳоҷати тафсонидан нест». -Рӯзҳои наздик таблаки оҳанинро низ сохтаниам, -мегӯяд омӯзгор Сайфулло Сафаров.
-Хуллас, омӯзгор-усто Сайфулло Сафаров дар баробари дар мактаби бачагонаи санъат аз фанни рубоб дарс додан, инчунин, ба сохтани асбобҳои гуногуни мусиқӣ машғул аст.
Н. Ҳақназар, ноҳияи Фархор