Фалак ҷаҳонӣ шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 800
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарҳангро омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих унвон карданд.
Роҳбари давлат аз ҷумла дар Паёмашон чунин қайд намуданд: “Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ иқдомоти зиёде амалӣ гардида истодаанд. Ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо-ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад”.
Мо-аҳли кормандони соҳаи фарҳангро зарур аст, ки бештар ба масоили ҳалталаби марбут ба соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, оину анъана, ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида ва ҳифзу нигаҳдошти он саъю талош варзем.
Инчунин, дар Паём зикр гардид, ки эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ баҳри баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон муҳим мебошад. Паёми Пешвои миллат вобаста ба тамоюли ҷаҳонишавии арзишҳои фарҳанг, талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслҳое, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навин дар давраи соҳибистиқлолии миллати тоҷик ба зиммаи онҳо вогузошта шудааст, торафт меафзояд.
Дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ нисбати рушди инфрасохтори соҳаи фарҳанг корҳои бузурге ба сомон расонида шудаанд. Аз ҷумла, чуноне ки дар Паёми Пешвои миллат омадааст, ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб дар пойтахти мамлакатшаҳри Душанбе, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, озмунҳои гуногун, махсусан, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст...», «Илм - фурӯғи маърифат», «ТоҷикистонВатани азизи ман», нашри силсилакитоби «Ахтарони адаб» иборат аз панҷоҳ ҷилд, ба ҳар як оилаи кишвар ба таври ройгон дастрас гардидани шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, таҷлили Рӯзи китоб, бунёди даҳҳо театр, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва сафарҳои ҳунарии аҳли фарҳанги мо ба даҳҳо кишвари дунё аз муҳимтарин дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи фарҳанги миллӣ ба шумор меравад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъмати муқаддастарин ва бузургтарин мебошад, ки тамоми дастовардҳои мо ба он вобастаанд. Аз ин рӯ, ҳифзи озодию истиқлолият ва манфиатҳои миллию давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, худшиносу бофарҳанги ин сарзамин мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат як нуқтаи муҳимро қайд намуданд, ки боз як намунаи мероси фарҳанги миллии мо-«Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Яъне «Фалак» мисли Наврӯз ҷаҳонӣ гардид. Мо-кормандони соҳаи фарҳанг Паёми Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ намуда, баҳри бунёдкорию созандагии сарзамини аҷдодии худ ва ҳифзу омӯзиши мероси фарҳангии халқи тоҷик, азхудкунии донишҳои замонавӣ, ҳамчунин бо муаррифии фарҳанги қадимаи худ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ дар тарғиби сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи маънавии ҷомеа ва дар баланд бардоштани мафкураи қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус ҷавонон дар рӯҳия меҳанпарастиву худшиносии миллӣ саҳми созгор дошта бошем.
Искандарзода Муҳаммадтоҳир,
мутахассиси бахши Раёсати фарҳанги минтақаи Кӯлоб