Воситаи таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоии ҷомеа
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 669
Паёми имсолаи Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ фарогири масъалаҳои муҳиму рӯзмарра буда, дар он тамоми самтҳои фаълияти ҷомеаи мо ба риштаи таҳлил кашида шуда, вобаста ба таҳлилҳои гузаронидашуда ба таври мушаххас масъалагузориҳо сурат гирифтанд.
Дар робита ба ин, метавон иброз дошт, ки аз диди назариявӣ Паёми навбатии Пешвои миллат бакорандозии механизмҳои иловагии бартараф намудани монеаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, тағйироти институтсионалӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа, пешниҳоди ғояи нави таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоиро ба ҷомеа пешниҳод намуда, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, тақвияти неруи инсонӣ, татбиқи чораҳои амалии тақвияти ҳифзи иҷтимоӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагӣ, инчунин таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа ва тарбияи насли созандаро бо пешниҳоди тадбирҳои мушаххас ва масъалагузориҳои дақиқ ба миён гузошт.
Аз диди сиёсӣ Паёми имсола пурра воқеияти сиёсии на танҳо дохилӣ, балки ҷомеаи ҷаҳониро низ дарбар гирифта, мавқеи Тоҷикистонро вобаста ба рӯйдоду ҳодисоти як соли охир дақиқ муайян намуд. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки равандҳои геополитикӣ ва геоиқтисодии ҷаҳони имрӯза хусусияти таҳдидовар ба ҳамзистии осоиштаи халқу миллат ва давлатҳоро ба миён оварда, терроризм ҳамчун падидаи марговар амният ва суботи кишварҳои гуногунро халалдор намуда истодааст.
Бо дарназардошти вазъи кунунӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуд, ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат иброз намуданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд. Лозим ба ёдоварист, ки яке аз вазифаҳои асосии ҳокимияти сиёсӣ - ин нигоҳ доштани қобилияти худтакмилдиҳӣ буда, ҳамчун заминаи таъминкунандаи рушди минбаъда он бояд баҳри бартараф намудани монеаҳои пайдошаванда хусусияти кушода дошта бошад. Бо назардошти ин хусусияти муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат бакорандозии механизмҳоеро пешбинӣ намуд, ки баҳри бартараф намудани монеаҳои рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ нигаронида шудаанд.
Дар робита ба ин мавзӯъ боиси қайд аст, ки мардуми шарафманди тоҷик бо тадбиқи нуктаҳои Паёми пурмуҳтаво ва ояндасози Пешвои миллат бо комёбиҳои нав ба нав ноил гардида, дар ҳама соҳаҳои мамлакат пешравиҳои назаррас рӯ ба кор омада, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат, хоса рушди саноати ватанӣ ва некуаҳволии мардум қадамҳои устувор гузошта мешавад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо моро зарур аст, ки дастурҳои Пешвои миллатро сармашқи кор қарор диҳем.
Баҳриддин Қурбониён,
судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон,
Диловар Сулаймонзода,
котиби маҷлиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон