Ҷавонон хештаншинос бошанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 861
Дар паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон, бавижа фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти пурсамари онҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, нуктаҳои муҳим ироа мешаванд.
Аз ҷумла, Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон ба ин масъала рӯ оварда, чунин зикр карданд: “Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар 30 соли соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст”.
Ҷавонон- зодагони даврони истиқлол аз муҳаббату самимияти беандозаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳравар буда, пайрави ҳамешагии ин шахсияти беназир дар роҳи созандагиву бунёдкории Тоҷикистони маҳбубанд.
Бояд гуфт, ки дар мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон қисмати зиёди кормандонро ҷавонон ташкил менамоянд ва нақши онҳо дар таъмини волоияти қонун мондагор аст. Прокуратураи вилоят, ҳамчунин дар самти назорату татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон тадбирҳои зиёд андешида, ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Ба ин монанд, тибқи Паёми роҳбари давлат вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аз тарафи кормандони прокуратураи вилоят дар асоси нақшачорабиниҳои тартибдодашуда чораҳои амалӣ андешида мешавад.
Дар ин асос нақши кормандони ҷавони прокуратураи вилоят дар роҳи фаҳмондадиҳии аҳолӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи қонунҳо калон буда, ҳамчунин, тариқи васоити ахбори омма дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ низ саҳми зиёди худро гузошта истодаанд. Итминони комил дорем, ки кормандони прокуратура ва хосатан ҷавонон, дар таҳкими қонуният ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳанд шуд.
С. Зоирзода, сардори шуъбаи кадрҳо ва коргузории
прокуратураи вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1