Пирӯзӣ аз иттиҳод бошад...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 955
Вақте ки сухан аз пошхӯрии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳодисаҳои солҳои навадум меравад, албатта, ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро ёдовар мешаванд. Аз 15 ҷумҳурии собиқ СССР танҳо дар Тоҷикистон рух додани муқовимати сиёсиро таъкид мекунанд. Гӯё дар дигар ҷумҳуриҳо сохти нави мустақили давлатдорӣ орому муросокорона қабул шуда бошад.
Воқеан, ҷанги таҳмилие, ки неруҳои мухолиф, террористони зархарид ва хоҷагони хориҷиашон дар кишвари мо фоҷиаро ба амал оварданд, дар таърих чун саҳифаи санҷиши сангин барои мардуми тоҷик боқӣ монд. Аммо таърихи инсоният қонунҳои нонавиштаи худро дорад. Пештар ё дертар раванди тазоҳуроту табаддулот ногузир рух медиҳад ва аз он ҳеҷ як давлат эмин буда наметавонад. Зеро ҳеҷ як ғалаба бе мубориза ба даст намеояд.
Одатан, зиддияти иҷтимоӣ бо манфиати сиёсӣ омезиш ёфта, боиси норозигии мардум, эътирозу майдоннишинӣ мегардад. Аз ин қувваҳои ҷудоиандозу мансабталош ва маҳалгаро сӯйистифода мекунанд. Душманони халқ барои амалӣ кардани ҳадафҳои худ аз қурбон кардани одамони бегуноҳ рӯй наметобанд. Воқеаҳои Гурҷистон, Беларусия, Озарбойҷон, Қирғизистону Украина ва Қазоқистон, ки баъд аз истиқлолияти худ бо таъсири қувваҳои мухолифи дохилию берунӣ, сиёсатбозии кишварҳои абарқудрат тарҳрезӣ шуданд, ба ин далолат мекунанд.
Чанде пеш ҳодисаҳои Қазоқистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор кард. Чаро дар яке аз давлатҳои пешрафтаи ИДМ, бо имконияти хуби иқтисодиву иҷтимоӣ тазоҳуроти ғайричашмдошт рух дод? Аз иттилои расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ маълум шуд, ки дар шаҳри Алмаато бесарусомоние ба вуқӯъ омада, вазъият муташанниҷ гардид. Аммо сабабҳои аслии ҳар як воқеа дар аввал метавонад воқеӣ набошад. Вақте эҳсосот боло мегирад, дар зеҳнамон тахмину гумон бештар мешавад. Барномаи таҳлилии ТВ “Звезда” дар бораи Қазоқистон мароқангез буд.
Гузориши таҳлилӣ “Уроки террора” ном дошт. Дар он омилҳои рух додани тазоҳурот зина ба зина ошкор карда шуд. Аз одитарин норозигии мардум оид ба гарон шудани нархи сӯзишворӣ, ки онро дар тамоми дунё дидан мумкин аст, ба шӯру шар омадани издиҳом касро дар ҳайрат мемононд. Қувваҳое дар ин даст доштанд, ки бо сиёсати имрӯзаи ҳукуматдорони Қазоқистон норозӣ буданд ва асосан аз хориҷ истода раҳнамоӣ мекарданд.
Дар майдону кӯчаҳо ҷавонон бештар буданд. Дар ҳама муқовиматҳо аз эҳсосӣ, сабукфикрӣ ва бетаҷрибагии ҷавонон истифода мебаранд. Зеро онҳо ба моҳияти воқеаҳо ҷиддӣ сарфаҳм намераванд, бо издиҳом ҳамроҳ шуда, худро ҳимоятгари ҳуқуқи дигарон, муборизони демократия муаррифӣ карданӣ мешаванд. Ҳол он ки онҳо барои “коргардонҳо”-и митингу тазоҳурот чун сипар хизмат мекунанд. Қурбон шудани ҷони ҷавони онҳо низ аз амалӣ кардани нияти нопоки қудратхоҳӣ бознамедорад.
Инро мо дар таҷрибаи ҷанги таҳмилии солҳои навадум шоҳид будем. Садҳо нафар фирефтаи тарғиботи террористони исломӣ гардида, гӯё барои ҷиҳод ба даст яроқ гирифтанд, ба ҳаммиллати хеш қатлу кушторро раво диданд. Оқибат аксари онҳо беному нишон шуданду дар қабристонҳои бегонаи муҳоҷирон монданд. Дар ҳодисаҳои Қазоқистон низ ҷавонҳо фаъол буданд. Онҳо бинои ҳукуматро оташ заданд, ба тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ тир кушоданд. Ғорат кардани мағозаю корхонаҳо аз авбошию ҷинояткор будани тӯдаи майдон шаҳодат медод.
Аз ин амали шӯришгарон одамони бегуноҳ, аз ҷумла кӯдакон ҳалок шуданд. Паҳн шудани тарсу ваҳм, нобоварӣ ба амну субот мардумро ба ташвиш овард. Ин амали террористон ба ивази пулу мол буда, ба халқу Ватани худ хиёнат кардани онҳоро нишон медиҳад. Ҳеҷ як хубӣ, хосса дар рӯзҳои мушкил, аз хотир зудуда намешавад. Дар солҳои сиюм барои азхудкунии водии Вахш омадани намояндагони халқи қазоқро фаромӯш накардаем.
Имрӯз ҳам маҳаллаи Қазоқони шаҳри Бохтар чун рамзи дӯстию қадршиносӣ побарҷост. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳамватанони мо ба Қазоқистон ҳам гуреза шуда буданд. Ҳуқумати онвақтаи Қазоқистон ба мардуми тоҷик кумаки башардӯстона фиристод.
Байти зерини Саъдии бузургвор дастгирию рафоқати асилро мефаҳмонад:
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,
Дар парешонҳолию дармондагӣ.
Дар муддати кутоҳ ба эътидол овардани вазъияти ногувори Алмаато маҳз нишонаи кумаки ҳамдигарӣ ва дӯстии давлатҳои ҳамсоя мебошад. Шӯрои созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД), ки ба узвияти он Россия, Беларусия, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон шомиланд, бо сафарбар кардани неруҳои ҳарбии худ барои ҳифз кардани давлати қонунии Қазоқистон саҳми арзанда гузоштанд.
Боиси ифтихор аст, ки аз воҳидҳои неруҳои посдори сулҳи Тоҷикистон 200 нафар сарбоз барои барқарор кардани амну субот қарзи башардӯстонаи худро адо намуданд. Ин санҷиши ҳамраъйиву қудрати дӯстии ҳалқҳои кишварҳои ИДМ нишон дод, ки мубориза бо душмани ягона-терроризм моро муттаҳид мекунад.
Д. Маҳкамова, «Хатлон»