«Накҳ ати умед» ба чоп расид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 979
Нахустмаҷмӯаи шеърҳои шоири ҷавон Искандари Саид бо номи «Накҳати умед» дар нашриёти «Адиб» чоп гардид. Ашъори Искандари Саид дар васфи Ватан, Модар, вафодорию садоқат ва меҳру муҳаббат ба ин хоку диёр иборат аст.
И с к а н д а р и Саид зодаи ноҳияи Данғара, хатмкардаи факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон, ба номи Мирзо Турсунзода дар соли 2015 мебошад. Алҳол наворбардори телевизиони «Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон аст.
Баробари ҳунари хабарнигорӣ, ҳамчун дӯстдори шеър Искандар ба пайроҳаи тайкардаи падараш шоир Саид Ғоиб қадам ниҳода, ба қадри тавон даст ба олами эҷод мезанад.
Дар пешгуфтори ин маҷмӯа шоир Сафар Амирхон қайд менамояд, ки Искандари Саидро суҳбату ҳамнишиниҳои ҳамешагии шоири рангинхаёлу ширинкалом Тӯлқин Хоҷа ва падари бузургвораш шоири тавонову тозанафас Саид Ғоиб, ки ҳарду ин олами фониро бармаҳал падруд гуфтаанд, ба ин ҷодаи душвору мушкилписанд ҳидоят намудааст.
Зиндагӣ ӯро бармаҳал ҷавонмарди масъулиятшинос гардонид. Бори саробонии хонадону рӯзгори додарону хоҳаракон ба дӯшаш афтоду дар оташи сӯзони ҳаёт обутоб ёфт. Ӯ пайваста дар ободониву шукофоии Тоҷикистони азиз саҳми худро мегузорад. Мисли падар қаламфарсоӣ мекунад, то кишвараш боз ҳам ободу пешрафта гардад.
Инак, Искандари Саид маҷмӯаи нахустини худро пешкаши хонандагони азиз гардонид. Дар ин роҳи мушкилу заҳматписанд ба ӯ барору тавфиқ хоҳонем.
Ҳангомаи ИСМАТ, «Хатлон»