Ҷангара (Ҳаҷвия)
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 712
Имсол ҳам токи ангури рӯйи ҳавлӣ нақшаи вазифавиашро сад фоиз иҷро кард. Тамоми тобистон дар сояаш ҳаловат карда мешиштему ангури аз бозор овардаро кайф карда мехӯрдем. Хайр-чӣ, ҳоло ҳамин гуна расм шудагӣ, ҳавозаи боҳашамат мекуниву аз бозор ангури боғдорони Регарро мехӯрӣ. Сабзиву пиёз мекориву нигарони маҳсули дастони деҳқонони Ҷайҳунӣ мешавӣ, ки кай ба бозор медароранд.
Хуб, ҳоло аз мавзӯъ дур нарафта, сари мақсад меоем. Фасли хазонрез расиду баргҳои ангур парпаркунон рехта, ҳар рӯз ҳавлии анқариб даҳсадякии моро забт мекард. Саҳару бегоҳ ҳавлиро ҷорӯб мезаданд. Аниқтараш, ҳини ба кор рафтану боз ҳангоми аз кор баргаштани ман.
-Ҳамин баргҳо ба дилам зад,-гӯё худ ба худ мегуфта бошад, вале шунаво овоз мебаровард келин.
-Тобистони дароз дар сояаш кайф карда, дам гирифтӣ, акнун мон, ки каме баргҳо дар сарат парпар кунанд,- мегуфтам ман ҳам паст наомада ва аз пайи кор мешудам. Вале тарафи муқобил ин суханони пурҳикмати маро ҳеч қабул намекард. Қувваи дар эҳтиёт бударо ба ёрӣ ҷеғ мезад. Дар ҳамин маврид дарк мекардам, ки занон бе ягон ваҷҳ якдигарро намефурӯшанд. Ҳарчанд хусумати келину хушдоман аз рӯзи азал бекор нашудааст, вале гоҳо онҳо ҳамчунон ба ҳамдигар қарин мешудаанд, ки бас ногуфтанию касе бовар намекардагӣ.
-Баҳона нокарда, аз кори хона қимобам гӯеду монед,- аз хоби ноз бедор шудаву аз болини нарм бархоста, “тирпарон”-ӣ кард бонуи хона, ки бо ин тарафгири келин буданашро нишон медод.
Бо ду қувваи бузург муқовимат карданро зӯри беҳуда ҳисобида, ваъда додам, ки рӯзи якшанбе ҳатман аз пайи ин кор мешавам. Рӯзи ваъдагӣ қайчии токбуриро аз ҳамсоя пурсида, бо ҳавозаи ток баромадам. Аслан табарро ҳам мегирифтам мешуд. Аз токе, ки самара надорад, чи суд. Вале боз андешаи сояашро дар фасли тобистон карда, аз фикрам гаштам. Ба мани ҳузарб чӣ, шарт-шурт навдаҳои лозиму нолозими токро бурида мепартояму халос. Ҳамин тавр ҳам шуд, дар як они воҳид рӯйи ҳавлиро навдаву баргҳои ток пӯшонда гирифт.
Ноомадии корро бинед, ҳамин ки дар фикри таърифи даъвогарони хона омодаи фуромадан мешудам, пояи нардбони сабил лағжид. Лағжиши пояи нардбонро ҳис кардаму сарозер афтодани худро. Тани бесулақайи ман ҳавоӣ шуду чаши аҷалгирифтаам ба кадом навдаи ростистода бархӯрд. Чашмонам торик заданд.
Чун ба худ омадам, рӯйи ҳавлӣ пок-покиза, аз баргу навда осоре намонда буд, ки кинояомезон “ҳоло ҳам нагирифтед”,-гуфта заҳрамро чаконам. Аз ин истифода бурда, таънаву маломати аҳли оила ҳамчун ноуҳдабаро эълон шудани ман, ба сарам борид, вале ба ҳеч яки онҳо ҷавоб нагардонидам. Охир ин калламағзҳо фикри онро накунанд, ки ин садама дар охири кор шуд, рафту баробари ба боло баромаданам рух медод-чӣ? Баргҳо то соли дигар дар сарашон пар-пар мекард. Хайр, ин ҳама гуфтугузори хонагӣ гоҳу ногоҳ ба сари одамӣ меояд ва касе аз он дар канор намондааст. Оқибаташро Худо нек гардонад.
Пагоҳӣ бо чашми варамидаву гунаи кап-кабуд мани кордӯст аз хона баромадам. Ҳанӯз дарвоза пурра пӯшида ғиҷирросаш басанда нашуда буд, ки ба қавле “метарсидам аз он чӣ ки ба сарам омад”, ҳамсояамон Муҳоботхонро дида мондам.
-Ҳа, ҳамсоя, о ин чӣ балоро аз сар кардӣ?- салому алейкро ҳам насия карда, бо назари раҳму шафқат пурсид ӯ. Буду шуди воқеаро гуфта додам. Аз қиёфааш баръало маълум буд, ки мурад ҳам, бовар намекунад. Хандид. Не, аввал табассум карду баъд қоҳ-қоҳзанон хандид. Ончунон хандид, ки зарбааш аз дарди ҷонкоҳи динарӯза сахттар буд.
-Инро ба касе нагӯй, ки айб аст. О, ин хели нақшҳо ҳар моҳ як-ду маротиба бари рӯйи мардаки маро зеб медиҳанд. Медонӣ, аз чӣ сабаб? Вақте, ки арақ хӯрдаву маст шуд, дигар худашро дошта натавониста, калавида ба ҳар куҷое рост омад, афтидан мегирад. Ту ҳам як маротиба маст шуда, ба санги қади роҳ лейс-лейс карда бошӣ, ҳеч қисса не. Одат мекунӣ.
-Худо нигаҳ дорад. Ба мани ҳанӯз маззаи морсро начашида, ин айб намечаспад,- гуфта роҳамро давом додам. Хайрият, автобус ҳанӯз ба роҳ набаромада буд. Савор шудам. Суҳбати дохили автобус будагиҳо ба якборагӣ қатъ шуд. Авзоямро дида, шиносу нимшиносҳо бо ишораи сар салом медоданду бо таассуф калла меҷунбониданд.
Миш-миши ҳамсафарон дар як они воҳид дохили автобусро пур кард. Наздик будагиҳо ба нафарони қафо мефаҳмониданд: “Бечораро маргӣ зада ғалтондаанд”.
Қафотар будагиҳо хулосабарорӣ мекарданд: “Хайрият, милиса омадааст, набошад, танаашро реза-реза карда мепартофтаанд”. Ҳамин тавр, ҳар кадоме ба таври дидаву шунида ва аз сар гузаронидааш хулосабарорӣ мекарду сӯйи ман бо раҳмдилӣ назар карда, аз автобус мефуромаданд.
Ронанда истгоҳи навбатиро эълон кард. Аз автобус фуромада, дӯсти деринаам Аҳмадро, ки бо сабаби мӯйи ғула доштанаш ҳама “Аҳмади ҷингилак” мегуфтемаш, вохӯрдам. Салому алейк кардем. -Заданд,-гуфтам ман, ки аз хулосабарориҳои дар автобусбудагиҳо ҳанӯз ба худ наомада будам.
Қоҳ-қоҳ зада хандиду баъд табассум карда гуфт: “Инро ба касе гӯй, ки туро нашносад. О, ту нанӯшӣ, қимор набозӣ, касеро фиреб надиҳӣ, ақлашро хӯрдааст, ки дасташро ҳайф карда, касе туро занад. Хайр, боз кӣ медонад. Шояд янга, аловков, оташгирак... Лекин аниқаш ҳамин, ки ба зарби мушт монанд нест, моҳҳо мазаашро чашидагӣ,- гуфт хайрухушкунон дӯстам, ки ба ҳар ҳол каме ба воқеият наздик сухан мегуфт.
Ҳайрон-ҳайрон, дар фикри он ки чи тавр ҳақиқати ҳолро ба ҳамкорон мефаҳмонида бошам, каме дар кӯчаҳо гаштугузор намуда, мани якумр пеш аз омадани фаррош дар кабинет мешиштагӣ, ба коргоҳ дер расида омадам. Дар идора маҷлиси истеҳсолӣ мерафт. Иҷозати даромадан пурсида, бо ишораи сар салом додаму дар кунҷе нишастам.
-Кор ба дараҷае расидааст, ки интизому меҳнат он тараф истад, дар ин макони баобрӯ шахсони ҷангара ҳам пайдо шудаанд. Боз шарм нокарда, бо сару рӯйи хуншор ба кор меоянд. Таклиф мекунам, ба ин кас, сӯйи ман ишора карда гуфт намояндаи идораи болоӣ,- танбеҳи охирин дода шавад.
Ҳамкорони ман, ки як умр бетарафиро шиори худ қарор дода буданд, бе пурсиши асли воқеа ва додани “сухани охирон” якдилона даст бардоштанд...
Исматуллои Гули Олим