Ноҳияи баландкӯҳ ободу зебо мегардад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 829
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияту пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дастоварду пешрафти соҳаҳоро дар 30 соли соҳибистиқлолии кишвар натиҷагирӣ кардаанд.
Бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мардуми шарифи кишвар даъват ба амал оварда шуд, ки то ин санаи таърихӣ боз ҳам хубтару беҳтар заҳмат кашида, содиқонаю софдилона ба халқу меҳани худ хизмат намоем.
Дар ноҳияи баландкӯҳи Шамсиддин Шоҳин аз Паём то Паём дастоварду пешравиҳои назаррас рӯи кор омаданд. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҷлил аз ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар соҳибкорону шахсони саховатпешаи ноҳия дар канор наистода, як қатор иншоотҳои маишию хизматрасониро сохта ба истифода доданд, ки ин ба ҳусни ноҳия ҳусни тоза зам менамояд.
Ҳамзамон, ба чор сӯйи кишвар роҳҳои мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта ва роҳҳо дар тамоми фаслҳои сол кушода мебошанд. Имрӯз тавассути роҳи аҳамияти байналмилалидоштаи қитъаи Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин ҳамлу нақли сокинон ба роҳ монда шуда, сокинони манотиқи Кӯлоби вилояти Хатлон метавонанд тариқи шоҳроҳи мазкур ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бемамониат рафтуо намоянд ва сатҳу сифати зиндагии хешро беҳтар созанд.
Ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз саҳмгузорӣ хоҳем намуд.
Ҳикоятмоҳ Идиева, мудири бахши кор бо занон
ва оилаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин