Пешрафти маориф – заминаи комёбиҳо
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 696
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати маорифпарваронаи худро дар Паёми навбатии худ бори дигар баён намуда, чунин қайд карданд: «Ҳукумати мамлакат ба рушди маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад». Дар ҳақиқат, дар ҳама давру замон рушди ҷомеа аз пешравии маориф вобаста буда, олимону донишмандон, аҳли фарҳангу ҳунармандон, ки мамлакатро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд, танҳо аз маърифатнокии хеш ба мартабаҳои баланд мерасанд. Дар ин ҷода нақши устод - омӯзгор бузург мебошад.
Айни замон бошад, дар назди аҳли маориф ва олимони мамлакат вазифаи пурмасъулият - баланд бардоштани сатҳ ва сифати самаранокии таҳсил дар мутобиқат ба меъёрҳои ҷаҳонӣ истодааст. Чунки замони муосир - замони пешрафти техника мебошад ва бе азхудкунию бе рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ иқтидори иқтисодии мамлакатро баланд бурдан ғайриимкон аст. Ин ҳолатро ба ҳисоб гирифта, бо пешниҳоди Президенти кишвар солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардид.
Ин ибтикори Сарвари давлат кормандони соҳаи маориф ва аҳли илмро водор менамояд, ки баъди ҳалли муваффақонаи вазифаҳои таъхирнопазири сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар, таваҷҷуҳи ҷавононро ба азхудкунии донишҳои муосир, мутолиаи бештари китобҳои бадеиву илмӣ, омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҷалб намоянд. Илмҳои дақиқ соҳаҳоеро дар бар мегиранд, ки дар заминаи онҳо қонуниятҳои дақиқ (ба маънои миқдорӣ) омӯхта мешаванд, бо истифода аз усулҳои мушаххас ва муқарраршуда фарзияҳоро месанҷанд. Онҳо ба далелҳои мантиқӣ асос меёбанд ва баъдан дар таҷрибаҳо санҷида мешаванд. Ба илмҳои дақиқ илмҳои кимиё, физика, астрономия, информатика ва ғайра дохил мешаванд, одатан мегӯянд, ки илмҳои дақиқ табиати ғайризиндаро таҳқиқ менамояд.
Математика илми бунёдӣ ба ҳисоб меравад. Илми математика (риёзӣ) арифметика (назарияи ададҳо), алгебра, геометрия, таҳлили математикӣ (ҳисобкунии дифференсиалию интегралӣ ба маънои васеъ), назарияи маҷмӯъҳо, мантиқи математикӣ, назарияи эҳтимолият ва ғайраро дар бар мегирад. Дар коркарди масъалаҳои саноат ва истеҳсолот назарияи математикӣ, физикӣ ва ғайра хеле васеъ истифода мешаванд. Инчунин, муодилаҳои гармигузаронӣ, электродинамика ва ғайра бо ҳалли муодилаҳои дифференсиалӣ ҳосил мегарданд. Муайянкунии каҷиҳои сатҳ дар геометрияи дифференсиалӣ муайян гардида, ин формула дар автомобилсозию самолётсозӣ васеъ истифода мешавад. Ғайр аз ин, дар омӯзиши фанҳои техникӣ фанни муқовимати материалҳо (сопромат) аҳамиятнок аст, ки дар он муайяншавии то чӣ андоза мустаҳкамии сохтмону устувории қисмҳои техникӣ таълим дода мешавад ва ғайра.
Албатта, омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳаргиз омӯзиши аҳамияти илмҳои гуманитариро поён намегузорад, зеро донистани забон, адабиёт ва таърихи миллат барои ҳар нафари ватандӯст шарту ҳатмист. Имрӯзҳо дар макотиби олии ҷумҳурӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълими фанҳои зикргардида корҳои зиёде анҷом дода мешавад. Масалан, бо ибтикори ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор С.Х. Давлатзода дар ин муассиса олимоне, ки ба дастовардҳои назаррас ноил гаштаанд, омӯзгороне, ки рисолаҳои номзадию докторӣ ҳимоя менамоянд, шогирдоне, ки дар олимпиадаҳои фаннию озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро соҳиб мегарданд, қадрдонӣ карда мешаванд.
Ҳамасола конференсияҳои илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба масъалаҳои мубрами фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бо иштироки олимони варзида гузаронида мешавад. Бояд қайд намуд, ки рушди саноатикунонии кишвар ба истифодаи васеи технологияҳои муосир вобастагии қатъӣ дорад. Аз ин рӯ, омода намудани мутахассисони соҳаи барномасозӣ ва технологияҳои иттилоотию иртиботӣ яке аз масъалаҳои мубрам буда, дар донишгоҳҳо ба ин соҳа низ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Бо амалишавии Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, ба назари мо, тавсияҳои зерин мусоидат менамояд:
1.Ба дастгирии соҳибкорон ва мақомоти маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят айёми таътил ташкил намудани мактабҳои мавсимӣ барои хонандагони болаёқат аз фанҳои математика, физика, информатика, химия, биология ва география.
2. Бо дастгирии соҳикорон ва мақомоти маҳаллӣ дар МТМУ муҷаҳҳаз намудани озмоишгоҳҳои фаннӣ бо таҷҳизоти муосир.
3. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кори маҳфилҳоро ҷоннок намуда, ҳавасмандгардонии роҳбари маҳфил ба роҳ монда шавад.
4. Кори касбинтихобкунӣ дар МТМУ мақсаднок гардонида, дар асоси шартнома ташкил намудани экскурсияҳо ба корхонаҳои саноатию истеҳсолии ҷумҳурӣ.
Ҳамин тавр, гуфтан мумкин аст, ки ҳадафи миллии чорум – саноатикунонии босуръати мамлакат бо раванди 20-солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф алоқамандии зич дорад. Дар амалишавии ин ҳадаф дар баробари илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ки дар таҳияи барномаҳои нави саноатикунонию рушди истеҳсолот аҳамияти беандоза доранд, тайёр намудани мутахассисони соҳаи истеҳсолоти ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ муҳим мебошад.
Дар ин самт зарур аст, ки омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумию олии касбӣ ва олимон усулҳои муосири таълимро ба роҳ монда, сатҳи сифати таълимро баланд бардоранд ва навовариҳои илмиро самаранок ба истеҳсолот татбиқ намоянд.
Абдурасул Сатторов,
орманди шоистаи Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав