ММД дар Қубодиён ба беш аз 1,5 миллиард расид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 1 101
Соли 2021 корхонаҳои саноатии ноҳияи Қубодиён дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ ба маблағи 121 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ин хабарро тасдиқ намуда, афзуданд, ки дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 1 миллиарду 562 миллион сомонӣ расида, 108,3 фоиз, ё ин ки 119,2 млн. сомонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Афзоиш ба соҳаи кишоварзӣ 6,8 фоиз, ба соҳаи саноат 3,3 фоиз ва дигар соҳаҳо 12,9 фоиз рост меояд.
Дар ин давра 1278 нафар шаҳрвандони бекор, аз он ҷумла 730 нафар занон бо кори доимӣ таъмин гардида, 110 нафар, аз ҷумла 45 нафар занон тариқи квота дар ташкилоту муассисаҳои ноҳия, 25 нафар тариқи ташкили корҳои фардӣ ва 80 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шудааст.
http://khatlon-ruznoma.tj/