Гулчеҳраи санъат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 1 050
Як чеҳраи Гул бубину ин бори Фалак,
Аз чеҳраи гул шукуфта бин кори фалак.
То чанд кашӣ нола ту аз дори фалак,
Чун тори кафаш маст шав аз тори «Фалак».
Гулчеҳра Содиқова, ҳофизи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, фалаксарои номии кишвар, маҳбуби хурду бузурги Тоҷикистони азиз 80-сола шуд. Ӯ зодаи кӯҳистони баланди тоҷик буда, аз ин баландиҳо ба фалакхонӣ оғоз намудааст. Гулчеҳра Содиқова соли 1942 дар деҳаи Ёли ноҳияи Даштиҷум (ҳозира Шамсуддин Шоҳин) ба дунё омадааст. Ӯ меҳри ҳунар, дарси суруду мусиқӣ ва фалакхониро ибтидо аз муҳити хонаводагӣ, хосса ҳунардӯстиву маърифатпарварии падар гузашта, баъдан аз шавҳараш -машшоқи номии ҷумҳурӣ Орзу Достиев, дар мактаби устодони санъати тоҷик Ҳошим Қосим ва Одина Ҳошим ба камол расидааст.
Дар ин росто апаи Гулчеҳра чунин мегӯяд: «Ман фалаксароиро аз хурдӣ, яъне аз синфи 2-юм оғоз намуда, баъдан дар кори саҳро, дар маросими ҳашар ба баландие баромада фалакхонӣ мекардам. Ба ҳамин хотир, дар кор, ба дигарон як меҳнат (музди кор), вале ба ман се меҳнат медоданд. Ин буд, ки дар хурдсолиам миёни мардум бо номи “Гулчеҳраи фалакхон” муаррифӣ мешудам.
Гулчеҳра Содиқова фаъолияти худро соли 1959 дар театри халқии ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) оғоз намуда, баъдан дар театри халқии собиқ ноҳияи Москва (ҳозира Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ), сипас бо даъвати директори театри ба номи устод Сайдалӣ Вализода, Корманди шоистаи Тоҷикистон Қурбон Зардаков дар театри номбурда фаъолияти ҳунарӣ менамояд. Гулчеҳра Содиқова дар фалаксароӣ ва дуторнавозӣ маҳорати баланд дошта, дар иҷрои сурудҳои халқӣ сабку услуби хоса дорад.
Бо истеъдоди худододӣ, сабку услуби хосу тозаи сарояндагӣ, бахусус фалаксароӣ ва лаҳни бисёр ширину нарму ширадор дар миёни мардум маъруфияти зиёд дорад.
Боиси зикр аст, ки таҳти роҳбарии Орзу Достиев (шавҳари Гулчеҳра Содиқова) ансамбли оилавии Орзуевҳо фаъолият менамуд, ки дар тамоми озмуну фестивалҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегардид. Аз ҷумла, ансамбли оилавии «Орзу» соли 1979 дар шаҳри Москва дар Фестивали байналмилалии ансамбли оилавӣ дар миёни 13 ансамбли ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сазовори ҷойи аввал гардида, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати фарҳанги Иттиҳоди Шӯравӣ қадрдонӣ гардид.
Гулчеҳра Содиқова дар давоми 65 соли фаъолияти ҳунарӣ дар бисёр ҷашнвораҳо, фестивалу консертҳои умумиҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баромад намуда, дар ин давра ба сафарҳаи ҳунарӣ дар дохили кишвар ва берун аз он, дар давлатҳои Россия, Ҳиндустон, Ҳолландия, Швейтсария, Фаронса, Олмон, Болгария, Ӯзбекистон ва Туркманистон бо ҳунару маҳорати баланд санъати миллии тоҷик - фалакро муаррифӣ намудааст.
Гулчеҳра Содиқова барандаи ҷоизаҳои Конгресси байналмилалии мусиқӣ дар шаҳри Москва (1971), Ҷашнвораи эҷодиёти халқӣ дар Олмон (1987) ва Фестивали байналмилалӣ дар давлати Афғонистон «Симурғ» (2009) мебошад.
Гулчеҳра Содиқова барои хизматҳои беназираш дар тарғиби санъати миллӣ, бахусус санъати фалаксароӣ бо унвони фахрии Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1980), ордени «Дӯстии халқҳо», медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» (1970) Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1975), соли 2008 Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва соли 2012 бо унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистон мушарраф гардидааст.
Бонуи ҳунари тоҷик Гулчеҳра Содиқова имрӯзҳо низ ба фаъолияти эҷодӣ машғул буда, бо лаҳни ширину гуворои хеш, бо сурудаҳои нав ба нав дар маҳфилу чорабиниҳо, фестивалу ҷашнвораҳо иштироки фаълона дорад.
Чи тавре шоир фармудааст:
Гулчеҳра занад фалак, фалак маст шавад, Ҳатто ба қади ду найза ӯ паст шавад.
Сарахон Бозорзода ,
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон