Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Манишин бо бадон...


Манишин бо бадон...



Одамон бо мақсади ниҳоли серҳосил ба даст овардану меваи хушлаззат хӯрдан, онро пайванд мекунанд. Агар пайванд бо сифат ояд, ниҳол ҳосили хуб медиҳад.

Ташкил намудани оилаи нав низ пайванди ду ниҳолро мемонад. Агар ду ҷавон бо ҳам муносиб афтанд, дар зиндагӣ муваффақ мешаванд, яъне оилаи хушбахтро ташкил мекунанд, фарзандони солеҳу бомаърифатро тарбия ва ба камол мерасонанд. Аммо, тавре ки ҳаёт нишон медиҳад, қисме аз ҷавонон дар интихоби ҷуфти муносиб ба хатоӣ роҳ дода, оқибат оиларо ба пошхӯрию вайроншавӣ мебаранд.

Собирҷону Сабзагул дар ҷавонӣ бо ҳамдигар унс гирифта, меҳру муҳаббати самимӣ пайдо карданд. Падару модари ҷавонон ба тӯйи онҳо розигӣ доданд, ду қалбро ба ҳам пайвастанд. Онҳо хушбахт гардида, соҳиби фарзандони дӯстрӯяк ҳам шуданд. Рӯзе Собирҷон изҳор намуд, ки барои кор ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад. Мехоҳад, маблағе ба даст оварда, хона созад ва зиндагиашонро шоиста намояд.

Аз мақсади Собирҷон аҳли хонавода хурсанд шуданд. Собирҷон бо ҳамроҳии ду-се рафиқаш ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт. Қариб 7-8 моҳи аввал Собирҷон маблағи кори кардаашро ба хона интиқол дод. Аҳли хонавода аз даромади ӯ хурсандӣ менамуданд. Аммо баъдтар, бо сабабҳои номаълум ҳам интиқоли маблағ поён ёфту ҳам Собирҷон беному нишон монд. Холаи Сабзагул бо заҳмати зиёд фарзандонро калон кард. Духтарашро ба шавҳар дода, ба ҳаёти мустақилона гуселонд. Писараш Қобилҷон бошад, дар омӯзишгоҳи касбӣтехникии шаҳри Бохтар хонда, соҳиби ҳунари таъмиргари асбобҳои барқӣ гашт ва дар яке аз корхонаҳо аз рӯйи ихтисос ба кор даромад. Бо гузаштани вақт холаи Сабзагул соҳиби келин ва набера ҳам шуд. Аммо ҳодисаи якбора ғайб задани Собирҷон барои зан муаммо монд.

Рӯзҳо мегузаштанд, зан роҳи шавҳарро мепоид. Аммо, ҳеҷ не, ки ба дидори Собирҷонаш расад.

...Рӯзе ғайричашмдошт, ба хонаи онҳо марди лоғарандоми ношинос даромада омад. 

Дили зан таҳ зад. Баъди фурсате холаи Сабзагул ӯро шинохт.

- Ин кас падари ту аст, - ба писараш рӯ оварда гуфт модар.

- Вақте ки Қобилҷон сухани модарро шунид, аз хурсандӣ: “Падарҷон, ту ба хона баргаштӣ?” 

- гӯён марди ношиносро ба оғӯш гирифт. Модару писар аз омадани Собирҷон хурсанд гардида, сари дастурхон нишастанд.

Собирҷон солҳои тӯлонӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба одамони майнӯшу бехонаву оворагард ошноӣ пайдо карда, аҳли оиларо фаромӯш кард. Имрӯз аз кардааш пушаймон аст...

Чунонки бузургон гуфтаанд:
Манишин бо бадон, ки суҳбати бад,
Гарчи покӣ, туро палид кунад.

Яке аз сабабҳои барҳамхӯрӣ ва ҷудошавии оилаҳои ҷавон ба кишварҳои хориҷ ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудани онҳо мебошад. Қисме аз ҷавонон баробари пайдо кардани маблағ ба оворагардию корҳои ношоиста машғул гардида, аҳли хонаводаро фаромӯш мекунанд. Вақте ки бемор шуда, қувваю ғайрати ҷавониашонро аз даст доданд, ба хотирашон зану фарзандон ва хешовандонашон мерасанд. Аммо на ҳама чун холаи Сабзагулу писараш Қобилҷон чунин оворагардҳоро хуш қабул мекунанд. Аксарияти падарони беҳудагард аз зану фарзанд ҷудо шуда, дар хонаи хешовандон ё дар хона-интернатҳои пиронсолон маскан интихоб менамоянд.

Барои пеши роҳи чунин ҳодисаҳои нанговарро гирифтан бояд ашхоси рӯзгордида, раисони маҳалла ё намояндагони ҷамоати деҳот пеш аз сафар бо онҳо суҳбату вохӯриҳо гузаронанд. Ҷавононро огоҳ созанд, ки пайваста дар хушнудӣ ва нигоҳубини оила бошанд.

Аз оилаи солим фарзанди солим ба дунё меояд. Аз ин хотир, кӯшиш кунем, ки хатоиву нофаҳмӣ, зӯроварӣ ва хушунатҳоро аз миёни ҷавонон барҳам зада, шумораи оилаҳои хубу замонавиро бештар намоем ва як ҷомеаи бофарҳангу бомаърифатро бунёд созем.

Намоз Солиев, омӯзгор, шаҳри Левакант

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода