Ватан пеш аст ё маҳал?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Таҳқиқи журналистӣ / Хабарҳо, Боздид 2 161
Дар саросари кишвари азизамон озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Андалеб-2021», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардиданд. Намояндагони як зумра ноҳияҳо ҳунару истеъдоди худро намоиш дода, аз тарафи ҳакамон баҳои худро гирифтаву «ҷой»-и худро дар радифи дигар навоҳӣ ва ҳамкасбони худ медонанд.
Банда низ чун дигар ҳамватанон ин озмунро бо шавқи беандоза тамошо карда, ҳаловат мебарам. Ва боз аз диди дигар назар меандозам. Чаро, ки пешаам рӯзноманигорист.
Мақсад аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба роҳандозӣ намудани озмунҳои мазкур ин пайдо намудани беҳтарин ҳунармандон, ҷавонони соҳибистеъдоди соҳаи санъат ва ба ин васила, баланд бардоштани фарҳангу санъати тоҷик, дарёфти чеҳраҳои нави ҳунарӣ ва муаррифӣ намудани он дар арсаи ҷаҳонӣ аст.
Хуб, биёед назаре ба рафти озмунҳо намоем, ки то чӣ андоза ба ин муваффақ мегардем, санъату ҳунари миллати тоҷикро боло мебардорем ва орзуву омоламонро амалӣ мегардонему хумори дил мешиканем?
Кулли баромади санъатварони навоҳии кишварамон хуб аст. Ҳар кас тавониста, ки мувофиқи қудрату тавоноӣ, истеъдод ва албатта, маблағи ҷудокарда барои омодагии санъаткорон ва ҳатто ҳавасмандгардонии онҳо ҳунари худро намоиш диҳад. Вале ин ҷо мо дар бораи масъалаи дигар, яъне баҳогузории ҳакамон дар даврҳои маҳаллии озмун гуфтанием, ки он на танҳо рӯҳияи аксари санъаткорону ҷавононро мешиканад, балки ихлосу эътиқоди тамошобинон, маҳал, волидайн ва хешу табори ҳунармандонро аз чунин «ҳунармандҷӯӣ» мегардонад. Ин муносибати ҳакамон ба фарҳангу ҳунари санъаткорон-ҳунармандон дарёфти ҷавонони дилбохтаи роҳи санъат ва дар маҷмӯъ фарҳангу миллат аст. Мутаассифона…
Дар ин мавзӯъ шаш-ҳафт сол муқаддам навиштанӣ будам. Вале худдорӣ кардам. Ба «бахт»-и ҷавонону наврасон ва ҳатто калонсолон ноҳаққии қаблӣ то кунун аз тарафи масъулин, ҳакамони баргузории озмунҳо идома дорад. Мисоли равшани инро дар гузаронидани озмунҳои «Тоҷикистон-ватани азизи ман» ва «Андалеб-2021» мушоҳида намудем. Баромади ҳунармандони ноҳияи Восеъро дар ҳарду озмун мисол меоварем. Дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», ки дар қасри фарҳанги ноҳия баргузор гардид, ҳакамон бо роҳбарии директори коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб Шариф Бедак доварӣ намуданд.
Довталабон хеле зиёд буданд. Аз хонандаи мактаб то хатмкунандаи консерваторияю Донишкадаи ҳунарҳои зебо. Доварон бо салоҳдиди худ ҳакамӣ мекарданд. Ҳусну қубҳи ҳунари иштирокчиёни озмунро умуман баррасӣ намекарданд, то довталаб дарк кунад, ки дар куҷо хато кардаасту онро минбаъд ислоҳ намояд. Ин аз бесалоҳиятии ҳакамон буд ва ё аҳамияти бояду шояд надодани онҳо. Баъди ба охир расидани баромади иштирокчиёни озмун он ҷамъбаст гардид. Хулоса чунин буд: «Фалониҳо ба даври вилоятии озмун роҳ ёфтанд». Магар бо чунин амал истеъдодҳои комилро пайдо кардан мумкин аст? Ҳаргиз! Ҳангоми санҷиши маҳорат бояд ба истеъдоди баромадкунанда: мусиқидонӣ, навохтани асбобҳои мусиқӣ, маҳорати овозхонӣ-фалаксароӣ, шашмақомхонӣ ва ғайра бояд ба назар гирифта мешуд. Мутаассифона, ин тавр нест.
Дар озмуни «Овози тиллоӣ» яке аз аъзои ҳакамон ба навозандаи наврас, ки ҳам доира менавохту ҳам таблак ва нағора, эрод гирифт, ки бояд навохтани як намуди асбобро касб мекард ва «хато»-яшро ҳамин ҷо дарёфт. Хушбахтона, хатои ӯро устоди марҳум Убайдулло Раҷабов ислоҳ намуд. Таъкид кард, ки на як асбоб, балки кулли онро аз худ кардан беҳтар аст ва мо бояд ҷавононро дар ҳамин рӯҳия тарбия ва талқин намоем, то санъати мо рушд ёбад. Фикр мекунам, баъди ин рӯҳияи иштирокчии озмун хеле баланд гардиду шавқу ҳавасаш боз ҳам зиёда гашт.
Рафтору амали баъзе ҳакамонро дида, ҳикояи он марди тӯтихар ба ёд мерасад. Марде аз бозор тӯтии сухангӯ мехарад. Соҳиби тӯтӣ бо ранҷи зиёд тӯтиашро як калима «бале»-ро омӯхта буд. Харидор чун тӯтиро ба хона бурда, онро имтиҳон мекунад, ба ҳар саволи ӯ тӯтӣ як посух медод: «Бале». Харидор дар қаҳр шуда, мегӯяд: «Ман аблаҳ будаам, ки чунин як тӯтиро харидам. Тӯтӣ посух медиҳад: «Бале». Фикр мекунам, амали як зумра ҳакамон ба ҳамин харидори тӯтӣ монанд аст. Як хонандаи мактаб дар васфи модар сурудеро хеле хуб замзама кард, баҳои аъло гирифт. Вақте ки аз ӯ суол карданд, ки оянда чӣ касбро интихоб мекунад? Ӯ посух дод, ки таҳсилро дар мадраса давом хоҳад дод. Акнун ёбеду гиред.
Дар озмуни вилоятии «Тоҷикистон - ватани азизи ман» бошад, ҳакамон ба «хулоса»-е омаданд, ки дар ноҳияи Восеъ, умуман ҳунарманди арзандаи озмун вуҷуд надорад. Ақаллан як нафарро ба озмуни ҷумҳуриявӣ лоиқ надонистанд, гӯё дар ноҳияи Восеъ фарҳангу ҳунар дар пояи паст қарор дорад. Ҳеҷ нафаҳмидем, ки санъаткорони восеъгӣ, чуноне мусиқидонҳо мегӯянд, фалш хонданд ва ё баҳогузории ҳакамон фалш буд? Дар ҳоле ки санъаткорони восеъгӣ давоми солҳои қаблӣ ва имрӯз ҳам дар кулли озмунҳо фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои аввал ва намоёнро соҳиб мешуданд.
Шаҳодати ин баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2021» аст, ки ноҳияи Восеъ бо шаҳри Ҳисор қувваозмоӣ намуда, ғолиб баромад ва дар ҷумҳурӣ холи аз ҳама зиёдро соҳиб гардида, баъди шаҳри Панҷакент ҷойи дуюмро ишғол намуд. Вале дар ин ҷо низ каме ба иштибоҳ роҳ доданд.
Аниқтараш маҳалгароӣ дар баҳогузорӣ нақш бозид. Дар баҳогузории суруди яккаи ноҳияи Восеъ ду нафар 9-балӣ ва шаш нафари дигар бошад, 10-балиро муносиб диданд. Ва он ду нафаре, ки 9-балиро ба ноҳияи Восеъ сазовор донистанд, ба ноҳияи Ҳисор ҳусни таваҷҷуҳи бештар доштаанд. Магар ин аз рӯйи адолат аст? Ҳаргиз! Ба хотири манфиати Ватан, рушди санъату ҳунар, дарёфти истеъдодҳои болаёқат набояд маҳалро бартарӣ диҳем.
Замони донишҷӯӣ устоде доимо таъкид медошт, ки миллатчӣ будан бадӣ надорад, вале набояд маҳалгаро шуд, зеро маҳалчигӣ миллатро мекушад. Ва ин суханони ӯ солҳои навадум ҳақиқати худро нишон дод. Хушбахтона, бо шарофати Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарди маҳалчигӣ давои худро ёфт, мардуми кишвар дасти ҳам гирифту муттаҳид гардид. Имрӯз ҷумҳуриамон рӯ ба рушд дорад. Мо бояд пайрави Пешво бошему дар таҳким бахшидани дӯстию рафоқат, ваҳдати миллӣ ба қадри тавон саҳми худро гузорем.
Дар поён чанд пешниҳод дорам, гумон дорам, ки аз аз манфиат холӣ нест ва барои шаффоф гузаштании озмуну санҷишҳо мувофиқи мақсад аст:
-Аввалан ҳангоми ҷобаҷогузории навоҳию шаҳрҳо он бояд тарзе бошад, ки шаҳр бо шаҳр ва ноҳия бо ноҳия афтад. Зеро имконият ва тавоноии шаҳр нисбат ба ноҳия бештар аст;
- Ҳангоми баҳодиҳӣ ва интихоби ҳунармандон на танҳо ба маҳорати фалаксароӣ, балки шашмақом, ҳамчунин маҳорати навохтани асбобҳои гуногуни мусиқӣ бояд баҳо дод, зеро санъат ҳаминро тақозо менамояд ва беҳтаринҳо метавонанд ба ин васила ба роҳи калони санъат бароянд;
- ба хотири фарҳанги волои миллат сарфи назар кардан аз маҳал, интихоби ҳакамон ҳангоми баргузории чорабиниҳо. Яъне он маҳале, ки баромад мекунад, набояд довар ба он қаробат дошта бошад ва аз ҳама муҳим, сарсупурдаи фарҳангу миллат бошад.
Наҷот САФАРЗОДА, собиқадори матбуот