Таассуроти нахустин аз Паёми Президенти мамлакат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Номаҳои Шумо / Хабарҳо, Боздид 1 441
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, таҳлиле мебошад, оид ба татбиқи сиёсати дохилию хориҷии кишвар дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ. Ҳамзамон, Паём барои ҳар як фарди мамлакат ҳамчун дастурамали корӣ барои як соли оянда ва барномаи дурбинона баҳри рушди тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат мебошад.
Президенти кишвар дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ чунин қайд намуданд: “Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст”.
Мақомоти судӣ чун дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар ҷомеа мақоми хоса дошта, дар самти таъмини адолати иҷтимоӣ, баробарҳуқуқии сартосарӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, иҷрои бечунучарои қонуну кодексҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа ва дигар масоили ҳамсон саҳми бориз дорад.
Бинобар ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти дахлдор дастури қатъӣ доданд, ки вобаста ба назорати риоя ва иҷро гардидани қонунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз мансубият ва шакли моликият, инчунин, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тамоми чораҳои заруриро андешанд ва дар ин самт корҳоро пурзӯртар намоянд.
Роҳбари давлат, аз ҷумла ба намояндагони мақомоти судӣ зимни ироаи Паём чунин иброз доштанд: “Мақомоти судӣ бояд вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро карда, баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаҳои судиро ба роҳ монда, қарорҳои қонуниву асоснок қабул намоянд ва ба ин васила ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро таъмин созанд”.
Дар ҳошияи ин дастур ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо - кормандони мақомоти судӣ ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ фаъолияти пурмаҳсул дошта, барои таҳқиқи саривақтӣ ва холисонаи парвандаҳои судӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем.
Холдорзода Хусрав Зайнуддин,
судяи Суди вилояти Хатлон