“Боргоҳи маънӣ” ба чоп расид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1 502
Ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 90-умин солгарди якумин рӯзномаи даврии Хатлонзамин - “Хатлон” маҷмӯаи наве бо номи “Боргоҳи маънӣ” ба табъ расид.
Тавре ки хонандаи закӣ огоҳӣ дорад, имсол аз замони таъсиси аввалин нашрияи чопии Хатлонзамин - “Зарбдори сохтмони Вахш”, имрӯза рӯзномаи “Хатлон”, 90 сол сипарӣ гардид. Наздик ба як аср боз ин рӯзнома бо хизмати содиқона дар иттилоотонии мардум, маҳви бесаводӣ, ташаккули афкори омма, муаррифӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ, тақвияти пояҳои давлатдорӣ саҳми шоиста гузошта меояд.
Таърихи матбуоти даврии вилояти Хатлон, ки аз ин рӯзнома ибтидо мегирад, агарчи ба як садсола наздик аст, вобаста ба таҳаввулоти замон, барномаҳои давлатӣ, сиёсати ҳукумат, тағйирёбии афзалиятҳо, рушди технология, афзоиши инструментҳои нигориш ва касбияти хабарнигорон мавзӯю мундариҷа, ҳолат ва марҳилаҳои инкишофи он низ гуногун буд. Бо гузашти солҳо, пешрафти арсаҳои кишоварзию саноат, обёрии водиҳо, мавзӯъ ва муҳтавои матолиби рӯзномаи “Хатлон” тағйир меёфт, аммо рисолаташ, яъне инъикоси беғаразонаи рӯйдодҳо ва таъмини дастрасии мардум ба иттилои воқеӣ, бетағйир боқӣ монд.
Маҷмӯаи “Боргоҳи маънӣ” аз таърихи ташаккул ва таҳаввули
РӮЗНОМАИ "ХАТЛОН" ба хонанда маълумоти мукаммал дода, дар он ҳамчунин мақолаҳои аҳли эҷоди нашрияи “Хатлон”, ки ба масъалаҳои мухталифи замон бахшида шудаанд, гирд оварда шудаанд. Зимни мутолиаи китоб, хонанда, ҳамчунин, метавонад бо ҳолномаи муаллифон - рӯзноманигорони нашрияи “Хатлон” ошно гардад.
Китоб аз 230 саҳифа иборат буда, дар нашриёти “Ношир-С”-и шаҳри Бохтар ба табъ расидааст. Он на танҳо барои доираи рӯзноманигорон, донишҷӯён ва муҳаққиқони соҳа, балки ба оммаи васеи хонандагон низ метавонад ҷолиб бошад.
-
29-11-2021, 08:55
Фараҳбахш аст, ки имсол аз замони таъсиси аввалин нашрияи чопии Хатлонзамин – “Зарбдори сохтмони...
-
4-12-2021, 12:59
Шоир ва публитсисти шинохтаи тоҷик Мирсаид Миршакар яке аз нахустин муҳаррирони нашрияи «Сохтмони...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00