Рӯзномаи “Хатлон” - ғолиби озмуни “Эъҷози Истиқлол”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 766
Гурӯҳи эҷодии рӯзномаи вилоятии “Хатлон” дар озмуни вилоятии эҷодии “Эъҷози истиқлол” аз рӯйи номинатсияи “Беҳтарин маводи чопӣ ва интернетӣ” ғолиби ҷойи якум гардид. Дипломи дараҷаи 1 ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ аз тарафи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар вазъияти тантанавӣ ба сармуҳаррири рӯзнома Носирҷон Маъмурзода тақдим карда шуд.
Ёдовар мегардем, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон озмуни эҷодиро таҳти унвони “Эъҷози истиқлол” миёни расонаҳои хабарии вилоят эълон карда буд. Намояндагони ҳамаи расонаҳои иттилоотӣ маводҳои худро аз рӯи ду номинатсия: “Беҳтарин маводи чопӣ ва интернетӣ” ва “Беҳтарин барномаи телевизионӣ” ба комиссияи озмун пешниҳод карда буданд. Озмуни мазкур 2 декабри соли 2021 ҷамъбаст гардида, ғолибон бо дипломҳои дараҷаи 1,2,3 ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ин маросим дар бораи фаъолмандии журналистон ва расонаҳои хабарӣ, ҳадафи баргузории озмун изҳори назар кард.
Гуфта шуд, ки дар маводҳои ба озмун пешниҳодгардида ба арзиши иҷтимоии маводи журналистӣ, риояи меъёрҳои байналмилалалии рӯзноманигорӣ, риояи ахлоқи касбӣ, далелнокӣ, аслияти баён ва умқи ифшои мавзӯъ, фарогирӣ ва пуррагии инъикоси масъалаҳо, истифодаи самарабахши иттилооти муқоисавӣ – арқоми оморӣ ва таҳлил, аҳамияти амалии мавод, дақиқият, оммафаҳмии забони мавод ва тарзи баён, муносибати ҳирфаӣ ба омода намудани мавод, малакаи дарёфти навори нодир ва ҷанбаҳои аҷоиби мавзӯи инъикосшаванда, фардияти муаллиф ҳангоми таҳияи мавод ва мутобиқати мавод ба меъёрҳои эълоншуда ба инобат гирифта шуд. Бахусус, ба маводҳое, ки ба талаботи пешбининамудаи озмун ҷавобгӯ мебошанд, бартарӣ дода шудааст.
Ҳамин тавр, дар номинатсияи “Беҳтарин маводи чопӣ ва интернетӣ” гурӯҳи эҷодии рӯзномаи «Хатлон» ва гурӯҳи эҷодии маҷаллаи “Сафо” бо Дипломи дараҷаи 1 ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд. Аз рӯи ҳамин номинатсия ғолибони ҷойи дуюм Нурулло Ҳасанов, рӯзноманигори нашрияи “Субҳи меҳнат”-и ноҳияи Муъминобод ва Раҳмоналӣ Додархӯҷаев, намояндаи нашрияи “Фараж” дар вилояти Хатлон бо Дипломи дараҷаи 2 ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ, ғолибони ҷойи сеюм Гаибова Зулайхо, сармуҳаррири нашрияи «Новый Хатлон» ва Бобоев Аъзам, мухбири нашрияи “Ваҳдат” дар вилояти Хатлон бо Дипломи дараҷаи 3 ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 1250 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
Аз рӯйи номинатсияи “Беҳтарин барномаи телевизионӣ” гурӯҳи эҷодии филиали ТВ «Сафина» дар шаҳри Бохтар ва ҳайати эҷодии ТВ “Кӯлоб” сазовори ҷойи якум, Саидзода Шералӣ ва Маъруф Назриев - хабарнигорони телевизиони “Хатлон” ғолиби ҷойи дуюм ва гурӯҳи эҷодии телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар вилоят ва Манучеҳр Ҳасанов – хабарнигори телевизиони “Хатлон” ғолиби ҷойи сеюм дониста шуда, бо диплому мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Намояндагони расонаҳои хабарӣ барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонӣ ба раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода миннатдорӣ баён намуданд.
С. АЗИЗЗОДА,
“Хатлон”