90 сол дар хизмати халқу Ватан
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Номаҳои Шумо / Хабарҳо, Боздид 1 105
Рӯзномаи вилоятӣ, ки тӯли 90 сол бо номҳои гуногун ба дасти хонанда расид, дар даврони соҳибистиқлолӣ низ номашро иваз карду рисолаташро не.
Дар он дастуру супориши роҳбарияти олимақом, қарорҳои Ҳукумат, раиси вилоят, инъикоси воқеии ҳадафҳои пешгузоштаи давлат, меҳнати шоистаи мардум, дастовардҳои беназири онҳо, навгониҳои аҳли маорифу фарҳанг ва ғайра аз нигоҳи касбӣ ба дасти чоп мерасад. Ин маъниро ҳангоми дар мансаби раиси вилоят буданам боз ҳам хубтар эҳсос кардам. Аз теъдоди ночизи солҳои гузариш ба 8-9 ҳазор обуначӣ расидан гувоҳи он буд, ки мардум ба нигоштаҳои ин рӯзнома боварӣ доранд, дар он симову сирати худро мебинанд.
Боварии комил дорам, ки кормандони эҷодии рӯзномаи «Хатлон»- нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз ин баъд ҳам бо ҳақиқатнигорию васфи ҳадафҳои сиёсати ватанпарваронаи роҳбарияти олимақом, пешрафту дастовардҳои Ватани тозаистиқлол, ҳаёти воқеии мардуми худ собитқадам хоҳанд монд.
90-умин солгарди таъсисёбии рӯзномаи дӯстдоштанӣ барои кормандони эҷодию техникӣ ва тамоми ҳаводорони он муборак бошад. Ба якояки Шумо комёбиҳои нав ба нави эҷодӣ, рӯзгори пурфайзу босаодат ва бахту иқболи некро таманно менамоям.
Ғайбулло Афзалов,
собиқ раиси вилоят