90 соли пуршукӯҳ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Номаҳои Шумо / Хабарҳо, Боздид 1 069
Рӯзномаи вилоятии “Хатлон” дар ҳаёти ҷомеаи вилояти Хатлон нақши бисёр муҳиме дорад. Дар зарфи 90 соли мавҷудияти худ ин нашрия хизмати бузургеро дар пур намудани фазои иттилотии вилояту кишвар гузоштааст.
Нақши рӯзнома, махсусан дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар самти баланд бардоштани фарҳангу дониши ҳуқуқии аҳолии вилоят бисёр калон аст.
Вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №691 аз 9 апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №383 аз санаи 22 августи соли 1997 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» кормандони рӯзнома дар замони Истиқлолияти давлатии кишварамон якҷоя бо кормандони прокуратура ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ ва маърифтноккунонии ҷомеаро ба анҷом расонидаанд. Маҳз тавассути ҳамкорӣ бо ВАО, аз ҷумла бо нашрияи бонуфузи “Хатлон” имконият пеш омад, ки сари вақт аҳолӣ дар бораи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла фаъолияти назорати прокурорӣ вобаста ба риояи иҷрои қонунҳо, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун дар ҷомеа иттилооти аниқу фаврӣ гиранд ва ин амалҳо ба суботу оромии ҷомеа оварда расонид.
Тавассути ҳамкориҳои пайваста бо нашрия мо тавонистем, ки оид ба фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, ҷаласаҳои ҳайати мушовараи прокуратураи вилоят сари вақт ба аҳолӣ хабарҳоро манзур созем.
Тариқи нашрия, ҳамчунин оид ба шарҳу эзоҳи қонунҳои кишвар хабару мақолаҳо ба чоп мерасанд ва шаҳрвандон низ бо ин роҳ донишҳои ҳуқуқии худро пайваста баланд мебардоранд ва инҷо низ хизмати бузурги ин рӯзномаи “Хатлон” бисёр хуб ба назар мерасад.
Аз фурсат истифода бурда аҳли қалами рӯзномаи “Хатлон”-ро бо 90- солагии фаъолияташон табрик намуда, ба онҳо комёбиҳоро хоҳонам.
Абдураҳим Раҳимзода,
прокурори вилояти Хатлон