Нақши “Хатлон” дар рушди маориф
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 ноябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Номаҳои Шумо / Хабарҳо, Боздид 1 601
Омӯзишу таҳлил ва баррасии таърихи матбуоти тоҷик гувоҳӣ медиҳад, ки масъалаҳои соҳаи маориф ҳамеша дар меҳвари фаъолияти аҳли қалам қарор дошта, нақши нашрияҳо дар баланд бардоштани маърифати ҷомеа густурдаву мондагор мебошад.
Мусаллам аст, ки дар кишвари мо, дар баробари нашрияҳои ҷумҳуриявӣ матбуоти маҳаллӣ низ рушд меёбад ва таърихи рангину омӯзанда дорад, ки инро метавон аз матолибу маводи ҷолибу хондании саҳифаҳои онҳо бармало мушоҳида кард. Нашрияи “Хатлон” аз ҷумлаи нашрияҳои маҳаллиест, ки дар тӯли 90 соли фаъолият тавонистааст дар саводнок намудани ҷомеа, татбиқи сиёсати маорифпарваронаи давлату ҳукумат, инъикоси дастовардҳо, мушкилоти ҳалталаби соҳа, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ хидмати арзанда намояд.
Рӯзномаи “Хатлон” дар саргаҳи матбуоти маҳаллии вилоят қарор дошта, ҳамчун мактаби омода намудани журналистони касбӣ беҳтарин қаламкашону адибони варзидаро ба камол расондааст, ки дар рушду пешрафти журналистика ва адабиёти тоҷик саҳми босазо мегузоранд. Шоистаи таъкид аст, ки нашрия дар рушди тафаккури созандаи ҷомеа, тарғиби сиёсати давлат, такомулу таҳаввули забони давлатӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва дарёфти истеъдодҳо мунтазам талош мекунад.
Дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва вусъат ёфтани васоити иртиботиву иттилоотӣ, вазифаву масъулияти аҳли қалам бештар гардид. Имрӯз иттилоот ҳамчун неруи қудратманд ҷаҳонро ба иборае, ба як “деҳкадаи кучак” табдил дод. Аз ин рӯ, дар замони пуртазоди ҷаҳони муосир истифодаи ҳадафмандонаву маърифатбахши воситаҳои пешрафтаи иттилоотӣ хидмати арзанда дар таҳкими давлатдории миллӣ ва амнияти кишвар ба ҳисоб меравад ва ин раванд дар фаъолияти кормандони нашрияи “Хатлон” назаррас аст. Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ аҳли қалами нашрия пайваста аз воқеаву ҳодисаҳои кишвар иттилоъ медиҳанд, ки дар ин миён хабару матолиби соҳаҳои илму маориф кам нестанд. Инъикоси дастовардҳои соҳа дар саҳифаҳои нашрия ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз як тараф, тарғибу татбиқи сиёсати маорифпарваронаи давлат бошад, аз ҷониби ди гар, омӯзгорону хонандагон, устодону донишҷӯён ва аҳли маорифи кишварро ҳавасманд мегардонад. Бояд қайд кард, ки дар замони соҳибистиқлолӣ тадриҷан мазмуну муҳтаво, ороишу дизайн, ҷобаҷогузорӣ ва пешниҳоди мавод, масъалагузорӣ доир ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар нашрия такмил меёбад.
Вазорати маориф ва илм ҳамеша матбуотро чун минбари боэътимод дар инъикоси масъалаҳои муҳимми соҳа ва бартараф намудани мушкилиҳо медонад. Воқеан ҳам, мавзӯоти нашрияи “Хатлон” доманадору васеъ буда, умед мебандем, ки минбаъд низ фаъолияташро дар рушду пешрафти соҳаи маорифи вилояти Хатлон вусъат мебахшад. Бинобар ин, гумон мекунам, ки кормандони нашрия дар саҳифаҳои он матолиби таҳлилии соҳаро бештар намуда, дар тарбияи насли ватандӯсту хештаншинос ва таҳкими истиқлолу ваҳдати миллӣ талоши бештар менамоянд. Дарвоқеъ, ин нашрия таърихи рангин дорад ва омӯзишу таҳқиқи мавзӯю матолиби он рисолати пажӯҳандагон мебошад.
90-солагии нашрияи “Хатлон”- ро ба сокинони вилоят, бахусус, кормандони нашрия аз номи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва аҳли маорифи кишвар самимона табрик намуда, ба кормандони наш-рия саломатӣ, рӯзгори обод ва дар фаъолияти эҷодиашон дастовардҳои бештарро таманно менамоям.
Муҳаммадюсуф Имомзода,
вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон