Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ифтитоҳи бинои матбааи нав дар Балҷувон


Ифтитоҳи бинои матбааи нав дар Балҷувон



Баъди ба истифода додани бинои маъмурии Маркази адлия дар ноҳияи Балҷувон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бинои тозабунёди матбаа дар ноҳияи Балҷувон ташриф оварда, бинои мазкурро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Қомат афрохтани бинои матбаа дар ноҳияи Балҷувон идомаи мантиқии сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Бинои матбаа дар маркази ноҳия дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо маблағгузори буҷети маҳаллӣ сохта шудааст. Арзиши умумии иншоот 3,4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Баъди ба истифода додани иншооти мазкур 8 нафар мутахассисон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Масоҳати зери иншоот 272 метри квадратиро ташкил медиҳад.

Атрофи иншоот дар масоҳати 112 метри квадратӣ сафолакпӯш карда шуда, ҳамзамон бо мақсади сарсабзу хуррам нигоҳ доштани атрофи он дар масоҳати 150 метри квадратӣ кабудизоркунӣ анҷом дода шуда, ҳамзамон, ба миқдори 30 адад дарахтони гуногуни ороишию сояафкан шинонида шудааст. Чароғонкунии бино ва атрофи он ба роҳ монда шудааст, ки шабонгаҳ ба ҳусни бино ва ҳамчунин ба ҳусни маркази ноҳия ҳусни дигар зам менамояд. Аснои шиносоӣ аз иншооти мазкур раиси вилояти Хатлон ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, масъулин ва кормандони матбаа дар ноҳияи Балҷувонро барои тозаву озода нигоҳ доштани иншооти мазкур ва ҳамчунин, содиқонаву софдилона барои холӣ намондани фазои иттилоотӣ ва тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат роҳнамоӣ намуданд.

Бинои матбаа дар маркази ноҳия барои чопи босифат ва саривақтии рӯзномаи ноҳиявӣ мусоидат намуда, ҳамзамон метавонад тариқи шартномавӣ дар раванди чопи рӯзномаҳои дигар шаҳру ноҳияҳои гирду атроф хизмат намояд.

То ба истифода додани иншооти мазкур нашрияи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон - рӯзномаи «Навиди Балҷувон» дар чопхонаҳои шаҳри Душанбе ба табъ расонида мешуданд, ки ин раванд ҳам аз ҷиҳати вақт ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ таъсири манфии худро мерасонид. Акнун бо дастрасӣ ба бинои хуштарҳу замонавӣ ва дастгоҳҳои муосири чопӣ кори кормандони ин ниҳод бартараф гардид. Дар навбати худ кормандони матбаа дар ноҳияи Балҷувон иброз доштанд, ки ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корро дар сатҳи хуб ба роҳ монда, баҳри тарғиби дастоварҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва пур кардани фазои иттилоотӣ дар ноҳия ва минтақа кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода