Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Туҳфа ба ҳизбиёни Темурмалик


Туҳфа ба ҳизбиёни Темурмалик




Имрӯз, 22-юми сентябр бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик мавриди истифода қарор гирифт. Дар ифтитоҳи бинои кумитаи мазкур муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор, раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон, намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ Каримзода Хуршед, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин ва дигар меҳмонони расмӣ иштирок доштанд.


Ёдовар мешавем, ки соли гузашта, расо дар ҳамин рӯз бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба истифода дода шуда буд.

Бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик аз 6 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад. Сохтмони бинои мазкур ҳамчун туҳфаи идона дар ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор дода шуд. То имрӯз кормандони Кумитаи мазкур дар бинои ҷамоати шаҳраки Баҳманруд як утоқи кориро иҷора гирифта, фаъолият мебурданд. Акнун кормандони кумита дар бинои нави дорои шароити муосир фаъолият хоҳанд кард. Тавре ки раиси Кумитаи иҷроияи мазкур Раҷабзода Маҳмадсаид гуфт,бино аслан бо саҳми аъзои фаъоли ҲХДТ ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст.

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик дар кӯчаи И.Сомонии ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯди ноҳия ҷойгир буда, масоҳати умумии он тибқи ҳуҷҷатҳои техникӣ 65 метри мураббаъ, масоҳати умумии иншоот дар якҷоягӣ бо саҳни ҳавлӣ 3,4 сотих мебошад.

Бино аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи 1-ум 3 утоқи корӣ дар ошёнаи дуюм бошад, 3 утоқи корӣ, қабулгоҳ, утоқи кории раиси кумита, толори маҷлис бо 34 ҷойи нишаст ва даҳлез иборат аст.

Замини наздиҳавлигии бинои мазкур бо гулҳои ороишӣ ва сабзаҳо оро дода шудааст.

То имрӯз танҳо 5 кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар биноҳои маъмурии худӣ фаъолият надоштанд, ки онҳо ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ, Шаҳритус, Панҷ, Темурмалик ва Данғара мебошанд. Акнун 30-солагии Истиқлоли давлатӣ барои ҳизбиёни вилоят боз ҳам хотирмон хоҳад гашт, зеро дар ин сол мушкилоти норасогии биноҳои маъмурии кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ ба пуррагӣ бартараф хоҳад шуд.

Аслан сохтмони биноҳои маъмурии ҳизбӣ, тариқи ҳашар бунёд ёфта, фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ин самт саҳми бориз доранд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин ҷода ба мардуми кишвар баҳои сазовор додаанд, ки “халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ намуда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад”.
Шуъбаи иттилоот ва матбуоти
КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода