Намоиши барномаи фарҳангии ҳунармандони Ҷумҳурии Қазоқистон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 939
Дар театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар доираи Ҷаласаи Шӯрои Амнияти Дастаҷамъӣ барномаи фарҳангии ҳунармандони ансамблҳои Ҷумҳурии Қазоқистон намоиш дода шуд. Қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ дар даромадгоҳи театр намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз ҳисоби маҳсули дастранҷи сокинони маркази вилоят пешниҳод гардид ва аз ҷониби меҳмонон баҳои баландро соҳиб шуд.
Намоиши барномаи фарҳангии мазкурро наврасону ҷавонон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳриву вилоятӣ, сокинони шаҳри Бохтар тамошо карданд.
Ин ҷо аз Ҷумҳурии Қазоқистон ансамбли давлатии рақсии "Салтанат" ва ансамбли фолклории " Остона- сазы" суруду таронаҳои ҷолиб ва рақсҳои диданиро ба намоиш гузоштанд. у пурмуҳтаво хотири аҳли толорро шод гардониданд.