Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МММ дар 20 соли охир 35 маротиба афзуд


МММ дар 20 соли охир 35 маротиба афзуд



Дар самти иқтисодиёт дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат ислоҳоти иқтисодӣ марҳала ба марҳала идома ёфта, маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилояти Хатлон дар соли 2020 ба 22,8 миллиард сомонӣ расид. Ин нишондод дар муқоиса нисбат ба 20 соли охир 21,4 миллиарду 447,4 миллион сомонӣ ё 35 маротиба зиёд мебошад.

Ҳамчунин, дар давраи Истиқлолияти давлатӣ даромади буҷети маҳаллӣ 212 маротиба ва қисми хароҷоти буҷет 242 маротиба афзоиш ёфта, дар қиёс нисбати соли 2000-ум нишондоди музди миёнаи солонаи меҳнат 61,5 баробар зиёд гардид.

Танҳо дар панҷ соли охир дар вилоят зиёда аз 250 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, соли 2020-ум андозаи миёнаи нафақа нисбат ба соли 2001-ум 86 маротиба афзоиш ёфт.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода