Амали хайр ба интернатсиалистон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 838
Дар арафаи таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири болидаруҳии интернатсиалистони шаҳри Бохтар, дар тарабхонаи "Мафтуна"-и шаҳри Бохтар барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид. Дар он раиси иттиҳоди интернатсиалистони собиқадори вилояти Хатлон Соҳиб Баротов, раиси интернатсиалистони собиқадорони шаҳри Бохтар Саидуллои Самиҷон ва дигар собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят иштирок доштанд.
Гуфта шуд, ки иқдоми хайрхоҳона аз тарафи раиси Иттифоқи ҷамъияти матлуботи вилояти Хатлон Азизулло Соҳибов ба роҳ монда шуда, ба хотири қадршиносӣ ва намунаи ибрати ҷавонон мебошад.
Дар ҷамъомади мазкур ҳудуди 120 нафар иштирокчиёни фронти халқӣ ва собиқадорони ҷангу меҳнат гирди ҳам омада, бо ҳам рақсу бозӣ, суҳбат ва сурудхонӣ намуданд.
- Сулҳу суботи кишвар аст, ки мо ҳар сол чунин чорабиниҳоро бахшида ба иду ҷашнҳо баргузор мекунем. Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва дар ин роҳ омода намудани онҳо ба сафи Қувваҳои амниятии кишвар мебошад, - гуфт дар суҳбат Соҳиб Баротов, раиси иттиҳоди интернатсиалистони собиқадори вилояти Хатлон.
Дар охир ҳамаи собиқадорон бо ҳамдигар ҳамчун нишони хотира аксбардорӣ намуданд.
Фирдавс Умаров,
Набиҷони Саидаброр,
"Хатлон"