Бунёди бинои чорошёна дар Исмоили Сомонӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 120
Дар ноҳияи Кӯшониён бо ибтикори раиси вилояти Хатлон мухтарам Қурбон Ҳакимзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдализода Маҳмадюсуф ва раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин бинои чорошёнаи истиқоматӣ, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Сафаров Амиралӣ сохта шуда буд, мавриди истифода қарор гирифт. Бинои мазкур дар доираи нақша чорабиниҳои 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақшаи генералии шаҳраки Исмоили Сомонӣ соли 2020 оғоз гардида, дар ошёнаи якум Маркази савдо ва дар ошёнаҳои 2, 3 ва 4-ум манзилҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошанд. Тибқи лоиҳа шумораи ҳуҷраҳо 8 ададро ташкил медиҳад. Дар корҳои сохтмонӣ 10 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор таъмин гардида, дар давраи фаъолияташон бо маоши муносиб таъмин гардиданд. Баъди ба истифода додани иншоот дар Маркази савдо, воқеъ дар ошёнаи якуми бино, 5 нафар сокинон ба кори доимӣ ва ҳашт оила бо манзили зист таъмин гаштанд.
Лоиҳаи иншооти мазкур аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Шаҳрофар”-и шаҳри Бохтар тарҳрезӣ гардида, дар масоҳати 0,04 га бунёд гардидааст. Саҳни бино дар масоҳати 200 м2 сафолакпӯш гардида, масъалаи равшаннамоии атрофи бино ба пуррагӣ бо тариқи насби симчубҳои муосир ва фурӯзонакҳои пурқудрати каммасраф ҳалли худро ёфтааст. Ҳамчунин дар гирду атрофи бинои мазкур ниҳолҳои ҳамешасабзи ороишӣ ва сояафкан шинонида шудааст. Раиси вилоят дар назди ҳозирин ба сухан баромада сокинони ноҳияро бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, инчунин ба санъати кори сохтмончиён ва утоқҳои барҳаво баҳои баланд дода, ба соҳибкорони ватандӯст пешниҳод намуд, ки чунин иншоотҳо дар маркази ноҳия бештар сохта шавад ва талаботи мардум бо манзилҳои истиқоматӣ таъмин гардад.