Барои ҳимояи аҳолӣ аз офатҳои табиӣ ҳамеша омодаем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 909
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ва воҳидҳои сохтории он фаъолияти хизматии худро мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишот, дастуру супоришҳои раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси вилояти Хатлон ба роҳ монда, баҳри тайёрӣ, ташкили омӯзиш, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои Оймаҳмад ҳолатҳои фавқулода омодагии ҷиддӣ мегиранд.
Дар ҳайати кории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон шахсони таҷрибаи кории бесобиқа ва хизматҳои шоёндошта зиёданд. Яке аз онҳо дастпарвари филиали Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Душанбе дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) полковник Оймаҳмад Назаров мебошад.
Ӯ солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни сохторҳои дохилии Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон кор намуда, айни замон дар вазифаи сардори шуъбаи оперативӣ ва сафарбарии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон фаъолият дорад.
Полковник О. Назаров дар фаъолияти хизматиаш дар пешгирӣ ва бартараф намудани офатҳои табиӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят саҳми бориз дорад. Инчунин, дар ташкил ва гузаронидани машқҳои муштараки амалиётӣ -стратегӣ бо ҷалби Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкил ва гузаронидани машқҳои мудофиаи гражданӣ бо хадамотҳои мудофиаи гражданӣ, ташкилоту идораҳо ва зернизомҳои вазифавии низоми ягонаи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода иштирок намуда, худро ҳамчун афсари кордон, таҷрибадор нишон додааст.
О. Назаров, ҳамчунин дар таълиму тарбияи афсарони ҷавон, дар самти корҳои оперативӣ ва сафарбарӣ саҳми худро гузоштааст. Дар ҳайати кории кормандони Раёсат Ҷамолиддин Гадоев барин ҷавононе фаъолият доранд, ки бо дониши касбӣ, чусту чолокӣ дар байни ҳамкорон намунаи ибратанд. Ӯ аз соли 2015 то инҷониб дар вазифаи дастёри духтур – наҷотдиҳандаи гурӯҳи 2-юми Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ фаъолият менамояд.
Прапоршик Ҷ. Гадоев дар тӯли 6 соли фаъолияти хизматиаш дар 56 намуди корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ, инчунин кушодани дарҳои маҳкамшуда дар баландошёнаҳо иштирок намуда, чандин нафарро аз марг наҷот дода, ба онҳо ёрии аввалини тиббӣ расонидааст. Ҳамчун хизматчии ҳарбии боинтизом, кордон ва боғайрат ҳамаи супоришу уҳдадориҳои вазифавиашро софдилона иҷро менамояд.
Ҳайати кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ва воҳидҳои сохтории он тамоми қувваю маҳорат ва донишу малакаи худро барои тайёрӣ ва омодагии аҳолӣ ба офатҳои табиӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта ба харҷ медиҳанд.
Комрони БАХТИЁР,«Хатлон»