Боздиди раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии ноҳияҳои Ҳамадонию Фархор
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 1 479
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо гурӯҳи корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварда, аз рафти омодабошии иншоотҳои гуногунсоҳаи хоҷагии халқ, ки дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ - 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешаванд, боздид ба амал овард.
Нахуст, раиси вилоят аз лавҳаи даромадгоҳи ноҳия, ки дар шоҳроҳи ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Фархор ҷойгир аст, дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ бо эҳтимоми соҳибкорони маҳаллӣ идома дошта, дар арафаи анҷомёбианд.
Дар рафти боздид раиси вилоят ба сохтмончиён ва масъулони ноҳия барои иҷрои босифати корҳо дастуру тавсияҳои муфид дод. Баъдан, Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42, воқеъ дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти «Меҳнатобод», дидан намуд. Муассисаи мазкур барои таҳсили 528 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳои таълимӣ пурра ба анҷом расонида шудааст.
Дар идомаи сафар раиси вилоят бо гурӯҳи корӣ аз фаъолияти корхонаи истеҳсоли халтаҳои полиэтилении деҳаи Пушкини Ҷамоати деҳоти “Қаҳрамон” шиносоӣ пайдо кард. Маълумот дода шуд, ки корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Ҷиёнхон Мирзоев бо ҷалби 23 нафар коргар бо иқтидори дар як басти корӣ истеҳсоли аз 1,5 то 2 ҳазор халтаи полиэтиленӣ сохта шудааст.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода инчунин, аз рафти корҳои азнавсозии бинои Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимови ноҳия, ки дар шаҳраки «Москва» ҷойгир аст, дидан намуд. Гуфта шуд, ки бинои мазкур баъди азнавсозӣ бо 208 ҷойи нишаст ва ташкили осорхонаи устод Одина Ҳошимов мавриди истифода қарор дода мешавад.
Дар рафти боздид раиси вилоят бо корҳои сохтмонии бинои Маркази касбомӯзии ҷавонон, ки дар шафати Филармония ҷойгир аст, шиносоӣ пайдо кард. Баъди истифодадиҳӣ дар коргоҳи мазкур зиёда аз 20 нафар ҷавонон барои омӯзиши касбҳои қаннодӣ ва нонпазӣ ҷалб мегарданд.
Қурбон Ҳакимзода, ҳамчунин бо раванди корҳои сохтмонӣ дар боғи фарҳангию истироҳатӣ, гармхонаҳои доимоамалкунандаи ҶДММ “Московский”-и ноҳия ва дигар иншооти сохташаванда дидан намуда, ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.
Нимаи дуюми рӯз тибқи барномаи сафари корӣ раиси вилоят бо ҳамроҳонаш ба ноҳияи Фархор ташриф овард. Дар маркази шаҳраки «Фархор» аз рафти корҳои сохтмонии иншооти маданию маишӣ, аз қабили сохтмони бинои коллеҷи тиббӣ, бинои истиқоматии панҷошёна бо фарогирии марказҳои савдо дар ошёнаҳои якум, корҳои ободонӣ дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳия, корҳои ободонӣ дар МТМУ №4, корҳои сохтмонии бинои маркази хизматрасонию истеҳсолии деҳаи Ориён, сохтмони бинои хадамоти давлатии оташнишонӣ, беморхона, қасри фарҳанг бо 400 ҷойи нишаст дидан намуда, баҳри дар сатҳи баланди меъморию шаҳрсозӣ сохта мавриди истифода қарор додани иншоотҳои мазкур ба масъулони сохт-мон супоришҳои мушаххас дода шуд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулон таъкид намуд, ки корҳои ободонию созандагиро вусъати тоза дода, то ҷашни пурифтихори миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ноҳияро аз ҷиҳати зебоӣ куллан дигаргун намоянд.
Бахтиёр САФАРОВ,сармутахассиси шуъбаииттилоотию таҳлилиидастгоҳи раиси вилояти Хатлон