Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҷ.Балхӣ. 28 корхонаи саноатӣ чӣ қадар маҳсулот истеҳсол кард?


Ҷ.Балхӣ. 28 корхонаи саноатӣ чӣ қадар маҳсулот истеҳсол кард?



Нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар шаш моҳи соли 2021 ба ҷойи 41 миллиону 156,8 ҳазор сомонии пешбинишуда 42 миллиону 802,5 ҳазор сомонӣ иҷро карда шуд, ки баробари 104 фоизи дурнамо мебошад. Дар ин бора раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдулло Файзулло зимни нишасти матбуотиаш ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Тавре ки иттилоъ дода шуд, айни ҳол дар ноҳия 4446 нафар соҳибкорон ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 1509 нафарашон тариқи патент, 210 нафарашон бо шаҳодатнома ва 2727 нафар ҳамчун сардори хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамоянд. Шумораи соҳибкорон нисбат ба аввали сол 44 нафар афзоиш ёфтааст.

Доир ба раванди татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои солҳои 2021-2025 У. Файзулло гуфт, ки ин барнома 102 лоиҳаро ба маблағи 269,2 миллион сомонӣ дар бар мегирад.

- Дар давоми шаш моҳи соли 2021 дар ҳудуди ноҳия 28  корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо истеҳсоли маҳсулот асосан бо ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст, - идома дод раиси ноҳия. - Корхонаҳои саноатии ноҳия дар шаш моҳи соли 2021 дар ҳаҷми 86 миллиону 939,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 7 миллиону 636,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду таъмир, барқарорсозӣ ва азнавсозии 315 бинову иншооти соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, маъмурӣ, хизматрасонӣ, варзиш, корхонаҳои саноатӣ, инчунин сохтмони пул ва роҳҳо пешбинӣ шуда, дар шаш моҳи соли 2021 ҳамагӣ 39 бинову иншоот ба истифода дода шудааст. Айни замон сохтмони 28 иншоот ба анҷом расида, дар 29 бинову иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Ҳангомаи Исмат,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода