Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАНЗИМИ НАРХ ДАР БОЗОРҲО ДАР ДАСТИ КИСТ?


ТАНЗИМИ НАРХ ДАР БОЗОРҲО ДАР ДАСТИ КИСТ?




КӢ БОЯД НАРХИ МАҲСУЛОТИ НИЁЗИ АВВАЛИЯРО НАЗОРАТ КУНАД?

Дар арафаи Иди саиди Фитр ва Иди Қурбон сокинон барои омода намудани дастурхони идона бештар ба бозорҳо рӯ меоранд. Мутаассифона, маҳз дар ҳамин рӯзҳо бархе аз тоҷирон ва фурӯшандагон аз фурсати муносиб истифода намуда, “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”, гуён нархи маҳсулоти ниёзи аввалияро беасос боло мебаранд. Албатта, ин ҳолат боиси нигаронӣ ва норозигии шаҳрвандон гардида, зарба ба ҷайби мардум мезананд. Дар ин матлаб кӯшиш кардем, ки бо ҷалби масъулон ва мутахассисони соҳа ба чанд суоли муҳим посух пайдо кунем: Омилҳои асосии болоравии нархҳо кадоманд? Назорати давлатӣ дар ин самт чӣ натиҷа додааст? Чаро қарорҳои марбут ба танзими нарх пурра иҷро намешаванд?

НАРХИ БОЗОР ЧАРО БОЛО МЕРАВАД?

Ҳамасола дар арафаи таҷлили Иди саиди Фитр ва Қурбон нарху навои маводи ниёзи аввалия дар бозорҳои мамлакат майли болоравӣ мекунанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввалияи аҳолӣ пайваста дастуру супоришҳои мушаххас медиҳад. Аммо тавре ба назар мерасад, гароншаваии нарх гӯё ба ҳукми анъана даромадаасту ба таври дилхоҳ нархҳоро боло мебаранд. Моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи рақобат”, зербанди 2, қисми 2 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ”, қарори раиси вилояти Хатлон аз 18 марти соли 2026 таҳти №79 дар бораи тасдиқи “Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ аз болоравии беасоси нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалияи аҳолӣ ва омилҳои ба он мусоидаткунанда дар арафа ва таҷлили Иди саиди Фитр ва Иди Қурбон” бояд нархи маҳсулот беасос боло бурда нашавад. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки на ҳама фурӯшандагон ба ин қарорҳо аҳамият медиҳанд. Худсарона боло бурдани нархҳо на танҳо аз доираи инсоф дур аст, балки сабаби ихтилоф ва норозигии мардум низ дар ҷомеа мегардад. Гарчанде мақомоти давлатӣ барои пешгирии гаронфурӯшӣ чораҳо меандешанд, аммо, зоҳиран, теъдоди фурӯшандагони беинсоф кам намешавад.

МАҚОМОТ ЧӢ МЕГӮЯНД?

Тибқи иттилои масъулин, болоравии нарх дар арафаи таҷлили иду айём омилҳои зиёд дорад, ки ҳамасола мардум мувоҷеҳи ин амали номатлуб мегардад. Фирдавси Маҳмадсаид, сардори Раёсати хадамоти зиддиинҳисорӣ дар вилояти Хатлон, як қатор омилҳои асосии болоравии нархҳоро дар арафа ва рӯзҳои таҷлили Иди саиди Фитр ва Қурбон ба рӯзномаи “Хатлон” гуфт: «Болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия ба чанд омил вобаста аст. Дар арафаи ид талаботи аҳолӣ зиёд мешавад, аммо ҳаҷми пешниҳоди маҳсулот аз ҷониби истеҳсолкунандагон кофӣ нест. Илова бар ин, баъзе соҳибкорон аз зиёд шудани талабот истифода намуда, нархҳоро беасос баланд мекунанд.

Қисми зиёди маҳсулот аз хориҷи кишвар ворид мешавад ва тағйирёбии қурби асъор, мушкилоти логистикӣ ва вазъи сиёсии минтақа низ ба нархҳо таъсир мерасонанд». Аммо ба суоли “Чаро қарорҳои давлатӣ дар самти танзими нарх пурра иҷро намешаванд?” қайд намуд, ки хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Раёсати андоз дар вилояти Хатлон, Раёсат ва марказҳои Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Хатлон, Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои назорати мунтазами нарх дар бозорҳо муваззаф гардидаанд. Ба гуфтаи масъулони соҳа, яке аз мушкилоти асосӣ набудани мониторинги дурусти бозор ва ба назар нагирифтани талаботи аҳолӣ аз ҷониби истеҳсолкунандагон мебошад. Тибқи иттилои ин ниҳод, дар асоси нақшаи чорабиниҳо ва гузаронидани чорабиниҳои муштарак баҳри пешгирӣ аз беасос баланд бардоштани нарх як нафар соҳибкор ҷавобгар ва нисбаташ чораҳои зарурӣ андешида шуд.

«ПЕШ АЗ ИД НАРХ ҚИМАТ МЕШАВАД...»

Барои таҳлили вазъи мавҷуда тахминан 10 рӯз қабл аз Иди Қурбон мо ба бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар рафтем ва аз фурӯшандагон нархи маҳсулоти ниёзи аввалияро пурсон шудем. Ҳангоми суҳбат бо яке аз фурӯшандагон ҷумлае аз забонаш содо дод, ки диққати моро ҷалб кард. Вақте нархи донагиро пурсон шудем, ӯ аввал пурсид: «Чанд кило мегиред, ака?». Гуфтем, ки барои дастурхони идона мехарем. Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Аз ҳозир гиред, вагарна, пеш аз ид нарх қимат мешавад».

Ин ҷумла бори дигар нишон дод, ки баъзе фурӯшандагон болоравии нархро пешакӣ як амри муқаррарӣ медонанд. Дар баробари афзоиш талаботи мардум ба маҳсулот дар арафаи идҳо, чун анъана, нархҳоро ба қавле «осмонӣ» мекунанд. Як тоҷири бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар ба шарти зикр нашудани номаш чунин гуфт: “Дар арафаи идҳо талабот зиёд мешавад, нархҳоро аз нуқтаҳои яклухт низ баланд мекунанд. Мо низ ду-се баробар баланд мекунем. Дар ҳолатҳои камчин шудани маҳсулот дар бозор мо аз ин фурсат истифода намуда, нархи дилхоҳамонро мегӯем”.

ШАРИАТИ ИСЛОМ ЧӢ МЕГӮЯД?

Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, Паёмбари ислом (с) худ ба тиҷорат машғул будааст. Дини мубини Ислом тиҷорати ҳалол, одилона ва бе фиребро ташвиқ мекунад. Ҳайдаралӣ Сафаров, муовини раиси Шурои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба гаронфурӯшӣ ва эҳтикор чунин ибрози назар намуд: «Баъзе соҳибкорон аз фурсат истифода намуда, маҳсулоти ниёзи аввалияро захира мекунанд. Агар захиракунӣ барои таъмини бозор ва нигоҳ доштани эътидоли нарх бошад, ин кори хуб аст. Аммо гурӯҳе ҳастанд, ки маҳсулотро қасдан нигоҳ медоранд, то ҳангоми камчинӣ онро бо нархи баланд ба фурӯш бароранд.

Шариати ислом чунин амалро манъ кардааст». Ба гуфтаи ӯ, захира намудани маҳсулот бо мақсади гаронфурӯшӣ як навъ зулм нисбат ба ҳамватан ва мардум мебошад. Дар Қуръони карим низ таъкид шудааст, ки молу дороии якдигарро бо роҳи ботил нахӯред ва тиҷорат бояд бар асоси ризоият ва инсоф сурат гирад. Ҳайдаралӣ Сафаров афзуд: «Шояд гаронфурӯшӣ даромади муваққатӣ оварад, аммо баракати молро аз байн мебарад. Соҳибкоре, ки бо адлу инсоф фаъолият мекунад, Худованд ба моли ӯ баракат медиҳад».

ТАШКИЛИ ЯРМАРКАҲО - РОҲИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛА?

Аз суҳбат бо мутахассисони ниҳодҳои дахлдор маълум гардид, ки ягона роҳи пешгирӣ намудани болоравии нархи ниёзи аввалияи мардум дар арафаи иду айём маҳз ташкил намудани ярмаркаҳо дар марказҳои шаҳру навоҳии вилоят ва корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба сарфи зиёдатӣ мебошад. Бо мақсади дар эътидол нигоҳ доштани нархҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қарор дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия қабул намуд.

Тибқи ин қарор, мақомоти маҳаллӣ, Палатаи савдо ва саноат ва Агентии захираҳои моддӣ вазифадор шудаанд, ки бо нархҳои дастрас маҳсулоти муҳим, аз ҷумла гӯшт, тухм, орд, шакар ва равғанро ба мардум пешниҳод намоянд. Аммо зимни пайгирии мавзуи мазкур интихобан ба якчанд масъулини шаҳру навоҳии вилоят суҳбати телефонӣ намуда, мавзуи қарори зикршударо матраҳ намудем.

Аз суҳбат бо масъулин маълум гардид, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ҳатто масъулон аз мавҷудияти чунин қарор огоҳ нестанд. Бархеи дигар, ҳарчанд аз қарор хабар доранд, аммо дар бораи замон ва тартиби баргузории ярмаркаҳо маълумоти мушаххас надоранд. Дар ҳоле, ки Иди Қурбон фаро расидаасту бархе аз масъулон аз чунин қарори раиси вилоят огоҳ нестанд, пас, чӣ гуна метавон аз соҳибкорон риояи танзими нархро талаб кард?

ХУЛОСА

Болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар арафаи идҳо ба яке аз мушкилоти доимии бозорҳои кишвар табдил меёбад. Ҳарчанд давлат барои танзими бозор тадбирҳо меандешад, аммо аз тарафи масъулин набудани назорати ҷиддӣ, сӯйистифодаи баъзе соҳибкорон ва иҷро нашудани қарорҳо боис мегардад, ки мардум ҳамоно аз гаронии нархҳо ранҷ баранд. Инсоф дар тиҷорат на танҳо талаботи қонун, балки меъёри ахлоқ ва арзиши инсонӣ низ ҳаст. Мутаассифона, дар амал чунин нест.

Абдулло РИОЕВ, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода